https://sputnik.tj/20241017/shsh-hamgiroi-iiao-tashabbus-yak-kamarband-yak-roh-chin-pushtiboni-kard-1064751663.html
СҲШ аз ҳамгироии ИИАО ва ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”-и Чин пуштибонӣ кард
СҲШ аз ҳамгироии ИИАО ва ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”-и Чин пуштибонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарони ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамчунин пешниҳоди таъсиси “шарикии густурдаи авруосиёӣ” бо иштироки СҲШ, ИА, АСЕАНро қайд карданд 17.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-17T15:47+0500
2024-10-17T15:47+0500
2024-10-17T15:47+0500
ииао
сҳш
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/10/1064735414_0:60:1280:780_1920x0_80_0_0_55c5e06adb1a72932ac4787a6cfb8527.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ташаббуси сармоягузории Чин “Як камарбанд – як роҳ” робитаи зичтар барқарор кардан лозим аст. Чунин пешниҳодро як қатор кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) пешниҳод кардаанд, гуфта мешавад дар изҳороти ниҳоӣ, ки дар пайи нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои ин созмон қабул шудааст. Сарони ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамчунин пешниҳоди таъсиси “шарикии густурдаи Авруосиёӣ”-ро бо иштироки СҲШ, ИИАО, Ассотсиатсияи миллатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин дигар давлатҳои манфиатдор ва иттиҳодияҳои бисёрҷониба қайд карданд.Ёдовар мешавем, рӯзи 16 октябр дар Исломобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) баргузор гардид.Дар ин чорабинӣ нахуствазирони Русия, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ва намояндаи баландпояи Ҳиндустон ширкат доштанд.Сарони ҳукуматҳои СҲШ омодагии тарҳи фарогири ҷалби сармоя ба энержии сабзро баррасӣ карда, ҳамчунин ҷонибдори густариши ҳамкорӣ дар бахши амнияти иттилоотӣ шуданд. Иштирокчиёни ин созмон аз “ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” дар кишварҳои СҲШ, инчунин рушди низомҳои миллии пардохтҳои электронӣ ва тиҷорати рақамӣ пуштибонӣ карданд.
https://sputnik.tj/20241016/tojikiston-chin-iqtidor-yak-kamarband-yak-roh-mushtarak-rushd-1064735729.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/10/1064735414_103:0:1240:853_1920x0_80_0_0_fe360077605a93dae7f9f8c47cab20ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, сҳш, иқтисод
СҲШ аз ҳамгироии ИИАО ва ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”-и Чин пуштибонӣ кард
Сарони ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамчунин пешниҳоди таъсиси “шарикии густурдаи авруосиёӣ” бо иштироки СҲШ, ИА, АСЕАНро қайд карданд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ташаббуси сармоягузории Чин “Як камарбанд – як роҳ” робитаи зичтар барқарор кардан лозим аст.
Чунин пешниҳодро як қатор кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) пешниҳод кардаанд, гуфта мешавад дар изҳороти ниҳоӣ, ки дар пайи нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои ин созмон қабул шудааст.
"Беларус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ташаббуси "Як камарбанд-як роҳ" -и Чин пуштибонӣ карда, ба зарурати идомаи кори муштарак дар татбиқи ин лоиҳа таъкид карданд", - омадааст дар ҳуҷҷат.
Сарони ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамчунин пешниҳоди таъсиси “шарикии густурдаи Авруосиёӣ”-ро бо иштироки СҲШ, ИИАО, Ассотсиатсияи миллатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин дигар давлатҳои манфиатдор ва иттиҳодияҳои бисёрҷониба қайд карданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 16 октябр дар Исломобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ нахуствазирони Русия, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон ва намояндаи баландпояи Ҳиндустон ширкат доштанд.
Сарони ҳукуматҳои СҲШ омодагии тарҳи фарогири ҷалби сармоя ба энержии сабзро баррасӣ карда, ҳамчунин ҷонибдори густариши ҳамкорӣ дар бахши амнияти иттилоотӣ шуданд.
Иштирокчиёни ин созмон аз “ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” дар кишварҳои СҲШ, инчунин рушди низомҳои миллии пардохтҳои электронӣ ва тиҷорати рақамӣ пуштибонӣ карданд.