https://sputnik.tj/20241017/savdo-khorij-sughd-2-mlrd-dollar-guzasht-1064740014.html
Савдои хориҷии Суғд аз 2 млрд доллар гузашт
Савдои хориҷии Суғд аз 2 млрд доллар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Суғд фаъолияти иқтимоиву иқтисодии вилоятро дар нуҳ моҳи соли равон ҷамъбаст намуда аз бурду бохтҳо гуфт
2024-10-17T09:32+0500
2024-10-17T09:32+0500
2024-10-17T09:32+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
савдои хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_0:252:2747:1797_1920x0_80_0_0_c6fa650c94e80c7aa74a180fe7fd3e9e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Давоми 9 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2,2 млрд доллар расид.Дар ин бора зимни ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти иҷтимоиву иҷтисодии Суғд бо ҳузури раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гуфта шуд.Таъкид гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,4% афзудааст.Зимнан, дар ҷаласа саҳми содироту воридоти мол дар нуҳ моҳи соли равон низ шарҳ дода шуд.Зикр гардид, ки ҳаҷми воридот 1,6 млрд долларро ташкил дода, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 660,5 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш 115,9% таъмин гардидааст.Даврон Зоҳидзода, муовини роҳбари Суғд таъкид намуд, ки ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 109,3 млн доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид.Қаблан, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вилоят бо 60 мамолики дуру наздик муносибати савдои хориҷӣ дорад.Ба таъкиди ӯ, Қазоқистону Русия кишварҳои раддаи аввали воридкунандаи асосии мол ба шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
https://sputnik.tj/20240727/qazoqiston-rusiya-kishvarhoi-rada-avval-voridkunanda-mol-sugd-1063682081.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_315193c409fff383747bca39c6a9d9e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд савдои хориҷӣ
Савдои хориҷии Суғд аз 2 млрд доллар гузашт
Ҳукумати Суғд фаъолияти иқтимоиву иқтисодии вилоятро дар нуҳ моҳи соли равон ҷамъбаст намуда аз бурду бохтҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Давоми 9 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2,2 млрд доллар расид.
Дар ин бора зимни ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти иҷтимоиву иҷтисодии Суғд бо ҳузури раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гуфта шуд.
Таъкид гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,4% афзудааст.
Зимнан, дар ҷаласа саҳми содироту воридоти мол дар нуҳ моҳи соли равон низ шарҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми воридот 1,6 млрд долларро ташкил дода, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 660,5 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш 115,9% таъмин гардидааст.
Даврон Зоҳидзода, муовини роҳбари Суғд таъкид намуд, ки ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 109,3 млн доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид.
“Ба маблағи 86,5 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 22,8 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст”, - тавзеҳ дод муовини роҳбари вилоят.
Қаблан, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вилоят бо 60 мамолики дуру наздик муносибати савдои хориҷӣ дорад.
Ба таъкиди ӯ, Қазоқистону Русия кишварҳои раддаи аввали воридкунандаи асосии мол ба шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.