https://sputnik.tj/20241017/prezident-badi-badakhshon-mehmoni-tursunzoda-shud-1064748617.html
Президент баъди Бадахшон меҳмони Турсунзода шуд
Президент баъди Бадахшон меҳмони Турсунзода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлатро ҳамчунин раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуд 17.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-17T12:32+0500
2024-10-17T12:32+0500
2024-10-17T12:46+0500
дар тоҷикистон
турсунзода
маориф
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/11/1064749345_107:87:1280:747_1920x0_80_0_0_e0dc76f54dacb70c74b8f2f1acd28e24.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат, ки се рӯз қабл аз сафари ВМКБ ба пойтахт баргашт, субҳи 17 октябр ба Турсунзода ташриф овард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт ва ҳамзамон раиси МММО Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуд.Нахуст дар шаҳри Турсунзода бинои КДАМ аз сӯи президент ифтитоҳ шуд. Пас аз ин дар назди Литсей-интернати шаҳр як қатор иншоотҳо, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдони варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуданд.Зикр гардид, ки бинои таълимӣ аз 8 синфхона иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.Хобгоҳ аз 48 ҳуҷра иборат буда, 400 рахти хобро дорад ва он барои хонандагоне, ки аз Ҳисору Шаҳринав омада таҳсил мекунанд пешбинӣ шудааст.Манбаъ афзуд, ки роҳбари давлат ба шарту шароити литсей-интернат баҳои баланд дод.Президент аз дохили литсей ба таври маҷозӣ боз 4 мактаб ва 2 боғчаро ба истифода дод.Мактабҳои нав дар деҳоти Қаратоғ,барои 384 хонанда, деҳаи Неъматбача барои 240 хонанда, деҳаи Меҳргон барои 450 толибилм, деҳаи “Шодиёна” барои 1000 хонанда кушода шуданд.Ҳамчунин дар кӯчаи Охун Бобоев ва деҳаи Иттифоқи деҳоти Регар ду муассисаи томактабӣ барои ҷамъан 380 кӯдак ифтитоҳ гардид.Бояд зикр намуд. ки сафари роҳбари давлат дар Турсунзода идома дорад ва боз ифтитоҳи чандин иншооти дигар дар назар аст.
https://sputnik.tj/20241012/rahmon-shinosoi-vaz-zindagi-mardum-vmkb-1064692516.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/11/1064749345_144:85:1174:857_1920x0_80_0_0_9d7494aa40c1dd4fa6c598f0aa99c3dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, турсунзода, маориф, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, турсунзода, маориф, эмомалӣ раҳмон
Президент баъди Бадахшон меҳмони Турсунзода шуд
12:32 17.10.2024 (Навсозишуда: 12:46 17.10.2024) Роҳбари давлатро ҳамчунин раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат, ки се рӯз қабл аз сафари ВМКБ ба пойтахт баргашт, субҳи 17 октябр ба Турсунзода ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт ва ҳамзамон раиси МММО Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуд.
Нахуст дар шаҳри Турсунзода бинои КДАМ аз сӯи президент ифтитоҳ шуд.
Пас аз ин дар назди Литсей-интернати шаҳр як қатор иншоотҳо, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдони варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Зикр гардид, ки бинои таълимӣ аз 8 синфхона иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.
Хобгоҳ аз 48 ҳуҷра иборат буда, 400 рахти хобро дорад ва он барои хонандагоне, ки аз Ҳисору Шаҳринав омада таҳсил мекунанд пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки роҳбари давлат ба шарту шароити литсей-интернат баҳои баланд дод.
Президент аз дохили литсей ба таври маҷозӣ боз 4 мактаб ва 2 боғчаро ба истифода дод.
Мактабҳои нав дар деҳоти Қаратоғ,барои 384 хонанда, деҳаи Неъматбача барои 240 хонанда, деҳаи Меҳргон барои 450 толибилм, деҳаи “Шодиёна” барои 1000 хонанда кушода шуданд.
Ҳамчунин дар кӯчаи Охун Бобоев ва деҳаи Иттифоқи деҳоти Регар ду муассисаи томактабӣ барои ҷамъан 380 кӯдак ифтитоҳ гардид.
Бояд зикр намуд. ки сафари роҳбари давлат дар Турсунзода идома дорад ва боз ифтитоҳи чандин иншооти дигар дар назар аст.