Дар Камчатка ҳам кор барои муҳоҷирон дар 15 соҳа манъ шуд

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкРейд по выявлению незаконных трудовых мигрантов в Красноярске
Рейд по выявлению незаконных трудовых мигрантов в Красноярске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2024
Обуна шудан
Манъи кори муҳоҷирон дар Камчатка дар асоси тасмими раиси ин вилоят роҳандозӣ шуд ва он аз соли оянда ба ҳукми иҷро медарояд
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Дар қаламрави Камчатка кори муҳоҷирон дар 15 соҳа манъ шудааст.
Чунин тасмим аз сӯи раиси вилояти Камчатка Владимир Солодов гирифта шуд, хабар медиҳад "Интерфакс".
Қаблан ин минтақа кори муҳоҷиронро дар таксӣ манъ карда буд. Вале ин маҳдудият ба шаҳвандони кишварҳои узви ИИАО дахл надорад.
Акнун сар аз соли 2025 муҳоҷирон дигар ҳаққи машғул шудан ба ҷамъоварӣ ва хариди захираҳои озуқаворӣ ва ҷангал, истеҳсоли ғизои кӯдакон, маҳсулоти парҳезӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртиро надоранд.
Илова бар ин, муҳоҷирон дар бахшҳои таъмини нерӯи барқ, газ ва созмонҳое, ки дар бахши сайёҳӣ хидмат мерасонанд, кор карда наметавонанд.
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2024
Русия квота барои иқомати муваққатии муҳоҷиронро ду баробар коҳиш дод
Манъи кори мутахассисони хориҷӣ дар бархе аз манотиқи минтақаи Русия аз соли 2025 эътибор пайдо мекунад, вале ин маҳдудият ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл надорад.
Қаблан ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки квота барои иқомати муваққати муҳоҷирон дар Русияро ду баробар коҳиш диҳад.
Акнун барои соли 2025 ҳамагӣ 5,5 ҳазор иҷозатнома ҷудо шудааст, дар ҳоле, ки соли равон ин рақам аз 10,5 ҳазор гузашт.
Квота дар байни минтақаҳои Русия мувофиқи дархостҳои онҳо тақсим карда мешавад ва ба таври анъанавӣ шаҳру вилояти Маскав шумораи бештари иҷозатномаҳоро мегиранд.

Квотаҳо барои Санкт-Петербург аз 300 ба 200 кам карда мешаванд ва Тотористону Бошқирдистон, ки дар соли 2023 ба ҳар кадоме 500 квота ҷудо шуда буданд, дар соли 2025 ҳамагӣ 100 квота мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0