https://sputnik.tj/20241015/tojikiston-qazoqiston-mol-mahsulot-kharid-1064727780.html
Тоҷикистон аз Қазоқистон чӣ хариду чӣ фурӯхт
Тоҷикистон аз Қазоқистон чӣ хариду чӣ фурӯхт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 780,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% бештар аст 15.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-15T19:34+0500
2024-10-15T19:34+0500
2024-10-15T19:34+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
тасвирбаён
молу маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064717634_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_f02a3c2af57a85a747fd92641d045b29.jpg
Дар моҳҳои январ-август аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 1,6 млн тон (613,2 млн доллар) коло содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5% бештар аст.Ҳаҷми асосии содирот ба гандум (629,1 ҳазор тон) ба маблағи 154,5 млн доллар рост меояд.Тоҷикистон ҳамчунин бештар равғани офтобпараст, гулранг ва соя – 44,8 ҳазор тонна (+8,2%), макарон – 5,3 ҳазор тонна (+20,7%), нӯшокиҳои ширин – 12,5 миллион литр (+5,8 баробар) харидорӣ кардааст.Содироти оксиди алюминий низ 40,5% афзуда, 105,4 ҳазор тоннаро ташкил дод; маҳсулот аз оҳан — 1,5 баробар, то 36,8 хазор тонна; тиреза ва чорчубахои пластикӣ — 10 баробар, то 12,4 хазор тонна; смартфонҳо ва стансияҳои иттилоотӣ – 1,8 баробар, то 148,1 ҳазор адад.Дар ҳамин ҳол содироти газ ба Тоҷикистон 4% (211,3 ҳазор тонна) кам шудааст.Илова бар ин, Тоҷикистон аз бозори маҳаллӣ 9,3 ҳазор тонна либоси кӯҳна харидааст.Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон аз Тоҷикистон маҳсулот кам ворид кардааст.Дар моҳҳои январ-август аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 220,8 ҳазор тонна коло (-19,4%) ба маблағи 167,5 млн доллар ворид шудааст.Фурӯши маъданҳо 12,3% ба 106,5 ҳазор тонна ва почарха ё самокат ва скейтбордҳои бачагона 32,6% ба 46 ҳазор адад низ кам шудИлова бар ин, Қазоқистон харидани меваю сабзавоти тару тозаро кам кард.Барои мисол воридоти зардолу, шафтолу ва ангур якбора 2,1 баробар кам шуда, ба 6,9 хазор тонна, пиёз 3,3 баробар кам шуда, ба 17,6 хазор тонна расид.Аммо ҳаҷми воридоти меваи хушк 23,3% афзуда, ба 36,8 ҳазор тонна расидааст.Нӯшокиҳои ширини Тоҷикистон низ мағозаҳо ва бозорҳои маҳаллиро пурра карданд - 2,2 миллион литр (+1,5 маротиба).Воридоти дафтар, рӯзнома, журналҳо низ 41,6% афзуда, қолин 6,5 ҳазор маротиба афзуда, ба 205,5 ҳазор метри мурабаъ расид.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064717634_184:0:1183:749_1920x0_80_0_0_6259d3bdb59e14910d674d58e38ecd9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қазоқистон тасвирбаён
тоҷикистон қазоқистон тасвирбаён
Тоҷикистон аз Қазоқистон чӣ хариду чӣ фурӯхт
Дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 780,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% бештар аст
Дар моҳҳои январ-август аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 1,6 млн тон (613,2 млн доллар) коло содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5% бештар аст.
Ҳаҷми асосии содирот ба гандум (629,1 ҳазор тон) ба маблағи 154,5 млн доллар рост меояд.
Тоҷикистон ҳамчунин бештар равғани офтобпараст, гулранг ва соя – 44,8 ҳазор тонна (+8,2%), макарон – 5,3 ҳазор тонна (+20,7%), нӯшокиҳои ширин – 12,5 миллион литр (+5,8 баробар) харидорӣ кардааст.
Содироти оксиди алюминий низ 40,5% афзуда, 105,4 ҳазор тоннаро ташкил дод; маҳсулот аз оҳан — 1,5 баробар, то 36,8 хазор тонна; тиреза ва чорчубахои пластикӣ — 10 баробар, то 12,4 хазор тонна; смартфонҳо ва стансияҳои иттилоотӣ – 1,8 баробар, то 148,1 ҳазор адад.
Дар ҳамин ҳол содироти газ ба Тоҷикистон 4% (211,3 ҳазор тонна) кам шудааст.
Илова бар ин, Тоҷикистон аз бозори маҳаллӣ 9,3 ҳазор тонна либоси кӯҳна харидааст.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон аз Тоҷикистон маҳсулот кам ворид кардааст.
Дар моҳҳои январ-август аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 220,8 ҳазор тонна коло (-19,4%) ба маблағи 167,5 млн доллар ворид шудааст.
Фурӯши маъданҳо 12,3% ба 106,5 ҳазор тонна ва почарха ё самокат ва скейтбордҳои бачагона 32,6% ба 46 ҳазор адад низ кам шуд
Илова бар ин, Қазоқистон харидани меваю сабзавоти тару тозаро кам кард.
Барои мисол воридоти зардолу, шафтолу ва ангур якбора 2,1 баробар кам шуда, ба 6,9 хазор тонна, пиёз 3,3 баробар кам шуда, ба 17,6 хазор тонна расид.
Аммо ҳаҷми воридоти меваи хушк 23,3% афзуда, ба 36,8 ҳазор тонна расидааст.
Нӯшокиҳои ширини Тоҷикистон низ мағозаҳо ва бозорҳои маҳаллиро пурра карданд - 2,2 миллион литр (+1,5 маротиба).
Воридоти дафтар, рӯзнома, журналҳо низ 41,6% афзуда, қолин 6,5 ҳазор маротиба афзуда, ба 205,5 ҳазор метри мурабаъ расид.