https://sputnik.tj/20241015/isroil-sheva-zamon-hamla-eron-muvofiqa-rasid-1064719128.html
Исроил гуфт, ки дар бораи шева ва замони ҳамла ба Эрон ба мувофиқа расидааст
Исроил гуфт, ки дар бораи шева ва замони ҳамла ба Эрон ба мувофиқа расидааст
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Исроил ҳамроҳ бо вазири мудофиа масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ карданд. Аз ҷумла дар бораи шева ва замони ҳамла гуфтанд
2024-10-15T13:31+0500
2024-10-15T13:31+0500
2024-10-15T13:50+0500
дар ҷаҳон
исроил
эрон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101348/67/1013486734_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_98987826acf1d0c222d71f2f33446857.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва вазири дифоъ Йоав Галант масъалаи посух ба ҳамлаи Эронро баррасӣ карданд.Ба иттилои телевизиони давлатии Kan, дар машварат ҳамчунин вазирони дигар ҳузур доштанд ва масъалаи шева ва замони ҳамлаи ҷавобӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Зикр гардид, ки барои муайян кардани усул ва замони ҳамла иҷозаи ниҳоии девони вазирон лозим аст.Дар ҳамин ҳол, Эрон чанде пеш изҳор дошт, ки дар сурати муқовимати мустақим бо Исроил чанд сенарияи амал таҳия кардааст.Зимнан, як манбаъ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, ки артиши Эрон ба амалҳои эҳтимолии Исроил комилан омода аст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 октябр Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар чаҳорчӯби амалиёти "Ваъдаи воқеии 2" ба сӯи Исроил миқдори зиёди мушакҳоро партоб кард.Артиши исроилӣ гуфтааст, ки ба ин ҳамла дар сурати муносиб посух хоҳад дод.Хабаргузории эронии "Форс" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар ҷараёни зарбаи мушакӣ Эрон ба аксари ҳадафҳои пешбинишуда дар Исроил зарба зад.Қаблан рӯзномаи The Washington Post қаблан гузориш дода буд, ки дастикам 20 мушаки дурпарвози Эрон рӯзи сешанбе ба системаҳои дифоъи ҳавоии Исроил ва муттаҳидонаш убур карда, дастикам се пойгоҳи низомӣ ва истихборотии Исроил, аз ҷумла Неватим ва Тел Нофро ҳадаф қарор доданд.Нерӯҳои дифои Исроил баъдан эътироф карданд, ки чанд мушаки Эрон ба пойгоҳҳои ҳавоии Неватим ва Тел Ноф зада шудааст.
https://sputnik.tj/20241006/eron-muqovimat-mustaqim-isroil-senariya-amal-tahiya-1064607650.html
исроил
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101348/67/1013486734_117:0:1884:1325_1920x0_80_0_0_b13f8cd114cf0f645599b86270893105.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил эрон
Исроил гуфт, ки дар бораи шева ва замони ҳамла ба Эрон ба мувофиқа расидааст
13:31 15.10.2024 (Навсозишуда: 13:50 15.10.2024) Нахуствазири Исроил ҳамроҳ бо вазири мудофиа масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ карданд. Аз ҷумла дар бораи шева ва замони ҳамла гуфтанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва вазири дифоъ Йоав Галант масъалаи посух ба ҳамлаи Эронро баррасӣ карданд.
Ба иттилои телевизиони давлатии Kan, дар машварат ҳамчунин вазирони дигар ҳузур доштанд ва масъалаи шева ва замони ҳамлаи ҷавобӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки барои муайян кардани усул ва замони ҳамла иҷозаи ниҳоии девони вазирон лозим аст.
"Дар машваратҳои амниятӣ бо сарвазир Бенямин Нетаняҳу, вазири дифоъ Йоав Галант ва вазирони дигар, тавофуқоти комил дар бораи ҷараёни амалиёт алайҳи Эрон ба даст омад... замон ва қувваи вокуниш... Аммо, амалиёт танҳо дар сурати тасдиқи ниҳоии девони вазирон имконпазир аст", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, Эрон чанде пеш изҳор дошт, ки дар сурати муқовимати мустақим бо Исроил чанд сенарияи амал таҳия кардааст.
Зимнан, як манбаъ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, ки артиши Эрон ба амалҳои эҳтимолии Исроил комилан омода аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 октябр Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар чаҳорчӯби амалиёти "Ваъдаи воқеии 2" ба сӯи Исроил миқдори зиёди мушакҳоро партоб кард.
Артиши исроилӣ гуфтааст, ки ба ин ҳамла дар сурати муносиб посух хоҳад дод.
Хабаргузории эронии "Форс" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар ҷараёни зарбаи мушакӣ Эрон ба аксари ҳадафҳои пешбинишуда дар Исроил зарба зад.
Қаблан рӯзномаи The Washington Post қаблан гузориш дода буд, ки дастикам 20 мушаки дурпарвози Эрон рӯзи сешанбе ба системаҳои дифоъи ҳавоии Исроил ва муттаҳидонаш убур карда, дастикам се пойгоҳи низомӣ ва истихборотии Исроил, аз ҷумла Неватим ва Тел Нофро ҳадаф қарор доданд.
Нерӯҳои дифои Исроил баъдан эътироф карданд, ки чанд мушаки Эрон ба пойгоҳҳои ҳавоии Неватим ва Тел Ноф зада шудааст.