Талафот зиёд шуд: Артиши Украина 23 ҳазор сарбозашро дар Курск аз даст дод

© AP / Bernat ArmangueУкраинские военнослужащие. Архивное фото
Украинские военнослужащие. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2024
Обуна шудан
Сар оғози набардҳо дар вилояти Курск артиши Украина талафоти бесобиқа дошта, теъдоди низомиёнаш, ки дар ин самт нобуд шуданд, ба 23 ҳазор наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Артиши Украина давоми як шабонарӯзи гузашта дар самти Курск беш аз 300 низомияшро талаф дод.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дода, гуфт, ки душман ҳамзамон дар баробари нерӯи зинда даҳҳо техникаро талаф дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 22 950 сарбози худро аз даст доданд.
“Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск душман аллакай беш аз 22 ҳазору 950 нафар низомиён, 157 танк, 72 худрави ҷангии пиёданизом, 98 нафарбари зиреҳпӯш, 917 зиреҳпӯш, 630 автомашина, -ро талаф дод”, - қайд кардааст вазорати дифои Русия.
Илова бар ин Киев 189 тӯпхона, 36 адад мушакандози чандгона, аз ҷумла ҳашт HIMARS ва 9 MLRS истеҳсоли ИМА нӯҳ падофанд, панҷ мошини борбардорӣ, 48 истгоҳи ҷанги электронӣ, нуҳ радари боздоранда, се радари дифоъи ҳавоӣ, 22 воҳиди муҳандисӣ, ки аз он 13 мошини муҳандисии тозакунии ва як минаруби УР-77-ро аз даст додааст.
“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.
Боевое дежурство ЗРК Бук-М2 ЦВО в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Эълони талафоти шабонарӯзии Украина дар минтақаи амалиёти вижа
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0