https://sputnik.tj/20241014/shomilshavi-sokinon-vanj-guruhhoi-terrorristi-rahmon-nigaron-1064703660.html
Шомилшавии сокинони Ванҷ ба гурӯҳҳои террорристӣ Раҳмонро нигарон кардааст
Шомилшавии сокинони Ванҷ ба гурӯҳҳои террорристӣ Раҳмонро нигарон кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ ба содир намудани ҷавонон ҷиноятҳои террористиву экстреместӣ таъкид кард
2024-10-14T11:58+0500
2024-10-14T11:58+0500
2024-10-14T12:12+0500
дар тоҷикистон
вмкб
террористӣ
экстремистӣ
ванҷ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064676766_258:428:1921:1364_1920x0_80_0_0_99b3c1ffb1b977bcd69bb5058b11a865.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд кард, ки шомилшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ нигаронкунанда мебошад.Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон 214 нафар сокинони вилоят дар кофтукови расмӣ қарор доранд, ки 153 нафар ё 71,5 фоизи онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ содир кардаанд.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 758 ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 522 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.Президенти кишвар қайд кард, ки новобаста аз мушкилиҳо тибқи таҳлилҳо дар вилоят вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, муътадил мебошад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз силсила боздоштҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) хабар дод.Ба гуфтаи вай дар моҳи май дар ин минтақа ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе бурда шудаанд. Номи 20 нафари онҳо маълум ва нашр шуд.Ансоруллоҳ”* ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва аксар пайравонаш зодагони Тоҷикистон.Ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се амали террористӣ ва ду сӯиқасд ба амри террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст.Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи ВКД 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудааст.Дар ин давра 226 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремисти дастгир карда шудааст.*-гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20241012/rahmon-shinosoi-vaz-zindagi-mardum-vmkb-1064692516.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064676766_451:367:1770:1356_1920x0_80_0_0_bee0654d2bbe623b12dd9fee5e4d9a01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, террористӣ, экстреместӣ, вмкб, бадахшон
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, террористӣ, экстреместӣ, вмкб, бадахшон
Шомилшавии сокинони Ванҷ ба гурӯҳҳои террорристӣ Раҳмонро нигарон кардааст
11:58 14.10.2024 (Навсозишуда: 12:12 14.10.2024) Раисҷумҳури кишвар дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ ба содир намудани ҷавонон ҷиноятҳои террористиву экстреместӣ таваҷҷуҳ кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд кард, ки шомилшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ нигаронкунанда мебошад.
“Ҳоло даҳҳо нафари онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда дар кофтуков қарор доранд”, - қайд кард президенти кишвар.
Раҳбари Тоҷикистон зикр кард, ки ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон 214 нафар сокинони вилоят дар кофтукови расмӣ қарор доранд, ки 153 нафар ё 71,5 фоизи онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ содир кардаанд.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 758 ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 522 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.
“Ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, тасарруфи силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ ва ҷиноят бо истифода аз силоҳ кам шудааст”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар қайд кард, ки новобаста аз мушкилиҳо тибқи таҳлилҳо дар вилоят вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, муътадил мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз силсила боздоштҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) хабар дод.
Ба гуфтаи вай дар моҳи май дар ин минтақа ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе бурда шудаанд. Номи 20 нафари онҳо маълум ва нашр шуд.
“То ин дам 27 сокини Язгуломро барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд. 4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтуков ҳастанд,” – афзуд ӯ.
Ансоруллоҳ”* ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва аксар пайравонаш зодагони Тоҷикистон.
Ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се амали террористӣ ва ду сӯиқасд ба амри террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи ВКД 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 226 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремисти дастгир карда шудааст.
*-гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон