https://sputnik.tj/20241011/rushdi-iqtisodi-iiao-surat-giriftaast-1064685580.html
Рушди иқтисоди ИИАО суръат гирифтааст
Рушди иқтисоди ИИАО суръат гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ бештар аст. Имсол ҳам суръати рушди иктисодиёт тамоюли рушд дорад
2024-10-11T20:35+0500
2024-10-11T20:35+0500
2024-10-11T20:35+0500
ииао
иқтисод
рушд
русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1a/1063675070_0:65:3088:1802_1920x0_80_0_0_b0682691ba271e04629e3a8080a5fd8f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Иқтисоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рушди устуворро нишон медиҳад.Дар ин бора директори департаменти сиёсати макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Аскар Ҷаппарқулов дар форум оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар Алмаато хабар дод."Ҷаппарқулов, аз ҷумла қайд кард, ки дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон бештар аст: аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам баландтар: дар нимсолаи аввал ММД-и иттидодия 4,6 фоиз афзуд", — гуфта мешавад дар издороти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Намояндаи комиссия таъкид кард, ки яке аз василаҳои ноил шудан ба рушди устувори кишварҳои узв тағйироти ИИАО мебошад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20241009/idomai-afzoishi-borkashoni-musofirkashoni-iiao-1064649568.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1a/1063675070_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_92417b7920c80499776ba171a8c43ad5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, рушд, ммд, суръати рушд, авруосиё
ииао, иқтисод, рушд, ммд, суръати рушд, авруосиё
Рушди иқтисоди ИИАО суръат гирифтааст
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ бештар аст. Имсол ҳам суръати рушди иктисодиёт тамоюли рушд дорад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Иқтисоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рушди устуворро нишон медиҳад.
Дар ин бора директори департаменти сиёсати макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Аскар Ҷаппарқулов дар форум оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар Алмаато хабар дод.
"Ҷаппарқулов, аз ҷумла қайд кард, ки дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон бештар аст: аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам баландтар: дар нимсолаи аввал ММД-и иттидодия 4,6 фоиз афзуд", — гуфта мешавад дар издороти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Намояндаи комиссия таъкид кард, ки яке аз василаҳои ноил шудан ба рушди устувори кишварҳои узв тағйироти ИИАО мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.