https://sputnik.tj/20241010/rustami-emomali-hamkori-tojikiston-rusiya-rohhalho-nav-paydo-kunand-1064661869.html
Рустами Эмомалӣ: Дар самти ҳамкорӣ Тоҷикистону Русия бояд роҳҳалҳои навро пайдо кунанд
Рустами Эмомалӣ: Дар самти ҳамкорӣ Тоҷикистону Русия бояд роҳҳалҳои навро пайдо кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе Форуми VIII байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ" ҷараён дорад
2024-10-10T13:59+0500
2024-10-10T13:59+0500
2024-10-10T13:59+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
иқтисод
рустам эмомалӣ
густариши муносибатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0a/1064663720_144:230:1165:804_1920x0_80_0_0_204830a71b4e85e033a35265180d1e8e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми VIII байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ", ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, Тоҷикистон ва Русия дар рушди соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.Ҳамчунин Рустами Эмоалӣ Қайд кард, ки ду кишвар дар бахши иқтисод ва тиҷорат, сиёсат ва амният, фарҳангу гуманитарӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.Вай илова кард, ки форуми имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ду давлат баррасӣ карда шаванд.Рустами Эмомалӣ, гуфт, ки новобаста ба дастовардҳои ноилгардида, байни Тоҷикистон ва Русия иқтидори бузурги истифоданашуда дар ҳама самтҳои афзалиятнок мавҷуд аст."Барои ташкили корхонаҳои муштарак дар саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, инчунин дар самти тандурустӣ ва гидроэнергетика талоши бештар намудан зарур аст. Имконоти хеле хуб низ барои мубодилаи савдои дуҷониба вуҷуд доранд. Истифодаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа низ муҳим аст. Мо ҳамзамон иштироки ширкатҳои русиро дар рушди сайёҳӣ дар мамлакати худ истиқбол менамоем", - афзуд Рустами Эмомалӣ.Вай илова кард, ки дар самти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия роҳҳалҳои навро дарёфт намудан зарур аст.Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе Форуми байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ" ҷараён дорад.Дар форум самтҳои калидии стратегии ҳамкории ду давлат, инчунин доираи асосии ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ карда мешаванд.Иштирокчиёни форум ба ин чорабинӣ ҳамчун воситаи муассири густариши ҳамкорӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.
https://sputnik.tj/20241010/rustam-emomal-valentina-matvienko-muloqot-1064657817.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0a/1064663720_197:135:1084:800_1920x0_80_0_0_a62be229f7108a332aa4e4440547f031.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, роҳҳалҳо, форум, рустам эмомалӣ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, роҳҳалҳо, форум, рустам эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ: Дар самти ҳамкорӣ Тоҷикистону Русия бояд роҳҳалҳои навро пайдо кунанд
Дар шаҳри Душанбе Форуми VIII байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ" ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми VIII байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ", ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, Тоҷикистон ва Русия дар рушди соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҳамчунин Рустами Эмоалӣ Қайд кард, ки ду кишвар дар бахши иқтисод ва тиҷорат, сиёсат ва амният, фарҳангу гуманитарӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Вай илова кард, ки форуми имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ду давлат баррасӣ карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ, гуфт, ки новобаста ба дастовардҳои ноилгардида, байни Тоҷикистон ва Русия иқтидори бузурги истифоданашуда дар ҳама самтҳои афзалиятнок мавҷуд аст.
"Барои ташкили корхонаҳои муштарак дар саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, инчунин дар самти тандурустӣ ва гидроэнергетика талоши бештар намудан зарур аст. Имконоти хеле хуб низ барои мубодилаи савдои дуҷониба вуҷуд доранд. Истифодаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа низ муҳим аст. Мо ҳамзамон иштироки ширкатҳои русиро дар рушди сайёҳӣ дар мамлакати худ истиқбол менамоем", - афзуд Рустами Эмомалӣ.
Вай илова кард, ки дар самти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия роҳҳалҳои навро дарёфт намудан зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе Форуми байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ" ҷараён дорад.
Дар форум самтҳои калидии стратегии ҳамкории ду давлат, инчунин доираи асосии ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ карда мешаванд.
Иштирокчиёни форум ба ин чорабинӣ ҳамчун воситаи муассири густариши ҳамкорӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.