Қолибоф ва Рустам Эмомалӣ бар густариши ҳамаи ҷонибаи равобит таъкид карданд

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиВстреча председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустама Эмомали с Председателем Ассамблеи Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакиром Калибофом
Встреча председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустама Эмомали с Председателем Ассамблеи Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакиром Калибофом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муҳамадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси шӯрои исломӣ, субҳи панҷшанбе бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.
Тарафайн дар ин дидор дар хусусӣ тавсеа ва густариши равобити Эрону Тоҷикистон аз ҷумлаи равобити порлумонии баҳсу табодул назар карданд.
Раиси маҷлиси шӯрои исломии зимни ибрози хурсандӣ аз тавсеаи ҳамкориҳои чандҷониба байни ду кишвар, бо ишора ба тавонмандиҳоу зарфиятҳои калон ва беназири ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳо бар густариши ҳамаҷонибаи равобит ва бардоштан гомҳои муҳим дар ростои тавсеаи ҳамкориҳо таъкид кард.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкории бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Встреча председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Рустама Эмомали с Председателем Совета Федерации Валентиной Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот кард
Ёдовар мешавем, ки Муҳамадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси шӯрои исломӣ ахиран вориди шаҳри Душанбе шуд.
Сафари Муҳамадбоқири Қолибоф ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Конфронси солгарди Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Ин сафар ба даъвати мақомоти тоҷикистонӣ анҷом мешавад ва аҳдофи чандҷониба ва дуҷониба дар ин сафар дунбол мешавад.
Лентаи хабарҳо
0