Содироти газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфту табодули коло зиёд

© iStock.com \ Polina-PetrenkoВентиль с манометром на газопроводе
Вентиль с манометром на газопроводе   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2024
Обуна шудан
Дар моҳҳои январ-август аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 1,6 млн тонна коло содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15,5% бештар аст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни Қазоқистону Тоҷикистон ба 780,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 6% бештар аст, иттилоъ додааст Кумитаи даромдаҳои давлатии Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-август аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна (613,2 млн доллар) коло содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5% бештар аст.
Ҳаҷми асосии содирот ба гандум (629,1 ҳазор тонна) ба маблағи 154,5 млн доллар рост меояд.
Тоҷикистон ҳамчунин бештар равғани офтобпараст, гулранг ва соя – 44,8 ҳазор тонна (+8,2%), макарон – 5,3 ҳазор тонна (+20,7%), нӯшокиҳои ширин – 12,5 миллион литр (+5,8 баробар) харидорӣ кардааст.
Касым-Жомарт Токаев проголосовал на республиканском референдуме по строительству АЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2024
Дар Қазоқистон раъйпурсӣ баро бунёди нерӯгоҳи атомӣ идома дорад: онро кӣ месозад?
Содироти оксиди алюминий низ 40,5% афзуда, 105,4 ҳазор тоннаро ташкил дод; маҳсулот аз оҳан — 1,5 баробар, то 36,8 хазор тонна; тиреза ва чорчубахои пластикӣ — 10 баробар, то 12,4 хазор тонна; смартфонҳо ва стансияҳои иттилоотӣ – 1,8 баробар, то 148,1 ҳазор адад.
Дар ҳамин ҳол содироти газ ба Тоҷикистон 4% (211,3 ҳазор тонна) кам шудааст.
Илова бар ин, Тоҷикистон аз бозори маҳаллӣ 9,3 ҳазор тонна либоси кӯҳна харидааст.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон аз Тоҷикистон маҳсулот кам ворид кардааст.
Дар моҳҳои январ-август аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 220,8 ҳазор тонна коло (-19,4%) ба маблағи 167,5 млн доллар ворид шудааст.
Фурӯши маъданҳо 12,3% ба 106,5 ҳазор тонна ва почарха ё самокат ва скейтбордҳои бачагона 32,6% ба 46 ҳазор адад низ кам шуд
Илова бар ин, Қазоқистон харидани меваю сабзавоти тару тозаро кам кард.
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2024
Қазоқистон ният дорад тариқи Узбекистон аз НБО “Роғун” барқ бихарад
Барои мисол воридоти зардолу, шафтолу ва ангур якбора 2,1 баробар кам шуда, ба 6,9 хазор тонна, пиёз 3,3 баробар кам шуда, ба 17,6 хазор тонна расид.
Аммо ҳаҷми воридоти меваи хушк 23,3% афзуда, ба 36,8 ҳазор тонна расидааст.
Нӯшокиҳои ширини Тоҷикистон низ мағозаҳо ва бозорҳои маҳаллиро пурра карданд - 2,2 миллион литр (+1,5 маротиба).
Воридоти дафтар, рӯзнома, журналҳо низ 41,6% афзуда, қолин 6,5 ҳазор маротиба афзуда, ба 205,5 ҳазор метри мурабаъ расид.
Лентаи хабарҳо
0