https://sputnik.tj/20241008/tojikiston-musobiqahoi-baynalmilalii-kamonvari-1064633371.html
Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии камонварӣ баргузор мегарданд
Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии камонварӣ баргузор мегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ ваъда додааст, ки дар оянда дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд
2024-10-08T17:09+0500
2024-10-08T17:09+0500
2024-10-08T17:09+0500
дар тоҷикистон
суғд
камонварӣ
мусобиқа
байналмилалӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064633904_0:122:1026:699_1920x0_80_0_0_de76f9c7466050d47b9a2d9e25204407.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен дар бораи рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ табодули афкор намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят иброз дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шуд.Аҳмадзода қайд кард, ки пайваста мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, таваҷҷуҳи насли наврас ба камонварӣ зиёд гардида истодааст.Дар навбати худ, Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ҳамчун меҳмон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон иштирок дошт, ба сатҳи баргузории мусобиқа баҳои баланд дод.Вай изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рўзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-7 октябр ташкил гардид, беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён иштирок доштанд.Барои иштирок дар ин мусобиқа варзишгарони Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Судон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва РУсия ба вилояти Суғд омаданд.Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофотҳои пулӣ ва Ҷом супорида шуд.
https://sputnik.tj/20240916/ishtiroki-varzishkoroni-musobiqai-baynalmilali-kamonvari-tojikiston-1064352252.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064633904_14:66:961:777_1920x0_80_0_0_b96665a624d5c8fc904da9a921cc15c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, камонварӣ, мусобиқа, байналмилалӣ, суғд
тоҷикистон, варзиш, камонварӣ, мусобиқа, байналмилалӣ, суғд
Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии камонварӣ баргузор мегарданд
Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ ваъда додааст, ки дар оянда дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен дар бораи рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ табодули афкор намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят иброз дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шуд.
Аҳмадзода қайд кард, ки пайваста мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, таваҷҷуҳи насли наврас ба камонварӣ зиёд гардида истодааст.
Дар навбати худ, Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ҳамчун меҳмон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон иштирок дошт, ба сатҳи баргузории мусобиқа баҳои баланд дод.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рўзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-7 октябр ташкил гардид, беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён иштирок доштанд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа варзишгарони Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Судон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва РУсия ба вилояти Суғд омаданд.
Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофотҳои пулӣ ва Ҷом супорида шуд.