https://sputnik.tj/20241008/sabab-muntakhab-futboli-tojikiston-bozi-rusiya-dast-kashid-1064627739.html
Сабаб чист?: Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозӣ бо дастаи Русия даст кашид
Сабаб чист?: Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозӣ бо дастаи Русия даст кашид
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон эълон кард, ки дар моҳи ноябри соли равон аз бозӣ бо мунтахаби Русия худдорӣ мекунад
2024-10-08T10:49+0500
2024-10-08T10:49+0500
2024-10-08T11:23+0500
дар тоҷикистон
русия
футбол
даст кашидан
ффт
бозии дӯстона
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064626576_0:84:3012:1778_1920x0_80_0_0_11317393a2d85467f7b55dec1ec89642.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои ду кишвар дар моҳи ноябрро рад кард, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ФФТ маҷбур шуд, пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи баргузории бозии дӯстона дар моҳи ноябр рад кунад, зеро дастаи мунтахаби кишвар аллакай нақшаи бозиҳо дорад."Иттиҳодияи футболи Русия ҳанӯз моҳҳои июн-июль пешниҳод карда буд, аммо мо бозиҳои хонагӣ дар моҳи ноябр ба нақша гирифтаем", - гуфт ҳамсуҳбат.Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистон имкони баргузории бозии дӯстона миёни мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистонро дар соли 2025 рад накард.Тамрини навбатии тими Русия аз 7 то 15 октябр баргузор мешавад, Русия то ҳол рақибони тими миллиро эълон накардааст. Дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия Максим Митрофанов ба хабарнигорон гуфт, ки ҷамъомади омӯзишӣ ҳатто агар созмон мухолифи тими Валерий Карпин наёбад, баргузор мешавад.17 ноябри соли 2022 мунтахаби Русия дар меҳмонӣ бо тими Тоҷикистон бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод. Қабл аз бозӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) моҳи феврали соли 2022 ба далели ҳаводиси Украина тимҳо ва бошгоҳҳои Русияро аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба муддати номуайян маҳрум карданд.
https://sputnik.tj/20240128/fft-khostor-tasis-dasta-nav-kasbi-danghara-1061437350.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064626576_102:0:2831:2047_1920x0_80_0_0_c214fb07f35abe16cf7f1f92ed8cd1a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мунтахаб, бозии дӯстона, даст кашидан, футбол, мунтахаб, варзиш, русия
тоҷикистон, мунтахаб, бозии дӯстона, даст кашидан, футбол, мунтахаб, варзиш, русия
Сабаб чист?: Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозӣ бо дастаи Русия даст кашид
10:49 08.10.2024 (Навсозишуда: 11:23 08.10.2024) Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон эълон кард, ки дар моҳи ноябри соли равон аз бозӣ бо мунтахаби Русия худдорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои ду кишвар дар моҳи ноябрро рад кард, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ФФТ маҷбур шуд, пешниҳоди Иттиҳодияи футболи Русияро дар бораи баргузории бозии дӯстона дар моҳи ноябр рад кунад, зеро дастаи мунтахаби кишвар аллакай нақшаи бозиҳо дорад.
"Иттиҳодияи футболи Русия ҳанӯз моҳҳои июн-июль пешниҳод карда буд, аммо мо бозиҳои хонагӣ дар моҳи ноябр ба нақша гирифтаем", - гуфт ҳамсуҳбат.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикистон имкони баргузории бозии дӯстона миёни мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистонро дар соли 2025 рад накард.
Тамрини навбатии тими Русия аз 7 то 15 октябр баргузор мешавад, Русия то ҳол рақибони тими миллиро эълон накардааст. Дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия Максим Митрофанов ба хабарнигорон гуфт, ки ҷамъомади омӯзишӣ ҳатто агар созмон мухолифи тими Валерий Карпин наёбад, баргузор мешавад.
17 ноябри соли 2022 мунтахаби Русия дар меҳмонӣ бо тими Тоҷикистон бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дод. Қабл аз бозӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) моҳи феврали соли 2022 ба далели ҳаводиси Украина тимҳо ва бошгоҳҳои Русияро аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба муддати номуайян маҳрум карданд.