Муҳриддин дар Маскав чи масъаларо ба миён гузошт

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаЗаседание Совета министров иностранных дел государств-членов ШОС
Заседание Совета министров иностранных дел государств-членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2024
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон даъват кард, ки ҳалли масъалаи муҳоҷират дар ИДМ бояд бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз бархӯрди ҳамаҷониба дар ҳалли масъалаи муҳоҷират дар ИДМ бо назардошти манфиатҳои ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви иттиҳод изҳор дошт.
Дар суханронии Муҳриддин таваҷҷуҳи хоса дар суханронӣ ба масъалаҳои муҳоҷират зоҳир гардид.
“Барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират дар фазои ИДМ муносибати ҳамаҷониба ва эҳтиёткорона, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари ирсолкунанда, худи шаҳрвандони хориҷӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат мегирад, зарур аст”, - қайд кардааст вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар заминаи масъалаҳои амниятӣ вазир дар бораи ҷонибдории хеш вобаста ба андешидани чораҳои пешгирикунанда дар доираи ИДМ оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сухан кард.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2024
Муҳриддин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд? - видео
Сироҷиддин Муҳриддин аз кишварҳои Иттиҳод даъват кардааст, ки то дар Конфронси навбатии байналмилалӣ, ки аввали моҳи ноябр аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СММ ва ҳукумати Кувайт дар чаҳорчӯби "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм" дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мегардад, ширкат варзанд.
Зикр гардидааст, ки аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 оид ба татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавононро тасдиқ намуда, тасмим гирифтанд, ки чаҳор ташкилоти нави заминавӣ дар соҳаҳои фаъолияти адвокатӣ, воситаҳои ахбори омма ва инкишофи ҳаракати ихтиёркорон таъсис дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки аиран Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муовини раиси ҳукумати Русия дар бораи оқибатҳои пурзӯр кардани низоми муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ дод.
оҳир Расулзода дар суҳбат бо Марат Хуснуллин шарҳ дод, ки ҳолатҳои манъи вуруд ва депорт бо тавзеҳоти норавшани "таъмини амният" афзоиш ёфта истодаанд.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснулин гуфт, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия дигар нахоҳад буд.
"Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дигар [ба Русия] нахоҳад буд, мо бояд инро аниқ дарк кунем, мо бо захираҳои меҳнатӣ кор хоҳем кард, ба мо лозим аст, аммо ин ҳама комилан қонунӣ сурат мегирад", - гуфт ӯ.
Официальный визит заместителя председателя Правительства России Марата Хуснуллина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Тоҷикистон аз таҳаввулот дар сиёсати муҳоҷират дар Русия изҳори нигаронӣ кард
арвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нигаронии Душанберо аз тамоюли поймол шудани ҳуқуқи тоҷикон ҳангоми тафтиши оммавии шаҳрвандони хориҷӣ қайд кард.
"Фактҳои қабул накардан, манъи вуруд ва депортатсияи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мафҳуми васеъ ва норавшани "таъмини амният" дар дидбонгоҳҳои марзии Русия шаҳрвандони моро соатҳо ва ҳатто рӯзҳо боздошт мекунанд – аз ҷумла аъзоёни хайатхои вакилони расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон", — гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0