https://sputnik.tj/20241007/rahmon-voridi-maskav-shud-1064629253.html
Раҳмон вориди Маскав шуд
Раҳмон вориди Маскав шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим (ИДМ) вориди Маскав шуд
2024-10-07T21:03+0500
2024-10-07T21:03+0500
2024-10-07T21:03+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
русия
идм
маскав
раисҷумҳур
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064628528_0:0:1233:694_1920x0_80_0_0_99ec1025fb86d002b721483e7e9323ba.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Маскави Русия шуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Русия самимона пазироӣ карданд.Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.Дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Раҳбари Тоҷикистон суҳбати телефонӣ дошт.Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузашт.Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 7 октябр бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот хоҳад кард.Илова бар ин, рӯзи душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20241007/vazironi-khorijai-kishvarhoi-idm-tahrimhoi-yakjonibai-gharbro-mahkum-kardand-1064624358.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064628528_0:0:1047:785_1920x0_80_0_0_14df094b0f26e51bec8293d0dc3150ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, маскав, сафар, иштирок, ҷаласа, идм
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, маскав, сафар, иштирок, ҷаласа, идм
Раҳмон вориди Маскав шуд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим (ИДМ) вориди Маскав шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Маскави Русия шуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Русия самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Раҳбари Тоҷикистон суҳбати телефонӣ дошт.
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузашт.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 7 октябр бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот хоҳад кард.
Илова бар ин, рӯзи душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар назар аст.