https://sputnik.tj/20241007/kohish-qurb-arz-tojikiston-somoni-taqviyat-1064608776.html
Коҳиши қурби арзҳои маъмул дар Тоҷикистон; сомонӣ тақвият меёбад
Коҳиши қурби арзҳои маъмул дар Тоҷикистон; сомонӣ тақвият меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон қурби сомонӣ тайи ду ҳафтаи ахир қавитар шуда, асъорҳои маъмулӣ тариҷан майли коҳиш доранд 07.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-07T09:35+0500
2024-10-07T09:35+0500
2024-10-07T09:54+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Рубли русӣ дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт. Ин аз нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон бармеояд. Ҳамин тариқ дар ҳоли ҳозир ҳазор рубл ба 111,5 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди як ҳафтаи гузашта се сомонӣ поинтар аст. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоиву аврупоӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Ҳоло доллар дар сатҳи 10,6438 сомонӣ қарор дорад, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ ба 10,6457 баробар буд. Дар мавриди пули аврупоӣ бошад, ҳоло дар ивази ҳар евро 11,7433 сомонӣ медиҳанд, дар ҳоле, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,7560 медоданд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад. Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст. Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд. Башиддат коҳиш ёфтани ин асъор тайи чанд ҳафтаи ахир ин қишрро сахт нигарон кардааст.
https://sputnik.tj/20240713/dollar-asor-jahon-jolibiyat-az-dast-dod-rasonaho-1063518321.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Коҳиши қурби арзҳои маъмул дар Тоҷикистон; сомонӣ тақвият меёбад
09:35 07.10.2024 (Навсозишуда: 09:54 07.10.2024) Дар Тоҷикистон қурби сомонӣ тайи ду ҳафтаи ахир қавитар шуда, асъорҳои маъмулӣ тариҷан майли коҳиш доранд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Рубли русӣ дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт. Ин аз нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон бармеояд.
Ҳамин тариқ дар ҳоли ҳозир ҳазор рубл ба 111,5 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба нишондоди як ҳафтаи гузашта се сомонӣ поинтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллари амрикоиву аврупоӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Ҳоло доллар дар сатҳи 10,6438 сомонӣ қарор дорад, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ ба 10,6457 баробар буд.
Дар мавриди пули аврупоӣ бошад, ҳоло дар ивази ҳар евро 11,7433 сомонӣ медиҳанд, дар ҳоле, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,7560 медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Башиддат коҳиш ёфтани ин асъор тайи чанд ҳафтаи ахир ин қишрро сахт нигарон кардааст.