Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия метавонад ҶМД-ро зимистон озод кунад - полковники мустаъфии олмонӣ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоевая работа танкистов ЦВО на Авдеевском направлении в ДНР
Боевая работа танкистов ЦВО на Авдеевском направлении в ДНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2024
Обуна шудан
Сафари бемуваффақияти Зеленский ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико танҳо озодии комили ҶМД-ро боз ҳам наздиктар кард, қайд кард коршинос
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Аз даст додани Угледар аз ҷониби украинҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки дар зимистони имсол тамоми Ҷумҳурии Халқии Донетскро озод кунанд.
Дар ин бора полковники мустаъфии бундесвер Ралф Тилле дар мақолае барои Focus.Online изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки пас аз озод кардани Угледар нерӯҳои Русия ҳамлаи худро дар Донбасс, аз ҷумла дар самти Красноармейск идома медиҳанд, ки ин ҳам аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.
"Русҳо дар наздикӣ қарор доранд ва мавқеъҳои ҳамлаи худро мустаҳкам мекунанд. Красноармейскро низ шояд муддати тӯлонӣ нигоҳ доштан нашавад. Артиши Украина бояд ба дифоъ раванд ва ҳеҷ ҳарфе дар бораи зиддиҳамла нест, ки дурнамои баргардонидани қаламравҳо барои Киев боз ҳам дуртар мекунад”, - қайд кард Тилле.
Ба гуфтаи ин низомии мустаъфӣ, сафари бемуваффақияти Зеленский ба Иёлоти Муттаҳида, ки дар ҷараёни он талаботаш иҷро нашуд, танҳо озодии комили ҶМД аз ҷониби артиши Русияро наздиктар кард.
Ҷамшед Қодиров: нахостам дар канор монам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2024
Яке дарк карду дигарре маҳкум: чаро як зодаи Тоҷикистон ризокори амалиёти вижа шуд
Вазорати дифои Русия рӯзи 3 октябр аз раҳоии Угледар хабар дод. Ин шаҳр охирин такягоҳи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Южнодонетск буд.
Акнун нерӯҳои Русия ба Великая Новоселка дар сарҳади вилояти Запороже ва Курахово, ки дар он ҷо душман хатҳои пуриқтидори мудофиавӣ мусаллаҳ кардааст, пеш рафта метавонанд.
Озод шудани Угледар роҳи магистрали Донетск — Мариуполро комилан таъмин намуда, Волновахаро аз ҳамла раҳо кард.
Лентаи хабарҳо
0