https://sputnik.tj/20241005/rahmon-tojikon-ruz-zabon-davlat-tabrik-1064598925.html
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди раисҷумҳур, қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони модарии хешро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем
2024-10-05T11:37+0500
2024-10-05T11:37+0500
2024-10-05T11:48+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064580284_137:49:1152:620_1920x0_80_0_0_4e76ef57da1ab00538aa5609255a2651.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфт.Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.Ӯ нашр ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани "Шоҳнома"-и Фирдавсиро яке аз роҳҳои ҳифзи забон, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон хонд.Раисҷумҳур гуфт, ки дар ин раванд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти фаровони луғату истилоҳоти он аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои забон дар даврони муосир ба ҳисоб мераванд.Вай афзуд, зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони давлатӣ ва ба пояи забони илми муосир расонидани он дастҷамъона кӯшиш намоем ва дар ин замина донишмандони кишварро зарур аст, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф кунанд.Сарвари давлат таъкид намуд, мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд."Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем",- таъкид кард, президент.Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад, таъкмд кард дар фарҷом кишвардор.
https://sputnik.tj/20241002/tarikhi-sarazmi-bostoni-kashf-shud--video-1064566055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064580284_228:0:1075:636_1920x0_80_0_0_b61a9033b2afa332c9bc5ece6dab9f7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тоҷикон рӯзи забон давлат табрик
раҳмон тоҷикон рӯзи забон давлат табрик
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард
11:37 05.10.2024 (Навсозишуда: 11:48 05.10.2024) Ба таъкиди раисҷумҳур, қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони модарии хешро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфт.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.
Ӯ нашр ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани "Шоҳнома"-и Фирдавсиро яке аз роҳҳои ҳифзи забон, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон хонд.
"Аз ҷониби дигар мо мехоҳем, ки калимаву ибораҳои ноби тоҷикӣ ва дар маҷмуъ, асолати забони модарии худро дар марҳалаи муосир ҳифз намоем",- гуфт ӯ.
Раисҷумҳур гуфт, ки дар ин раванд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти фаровони луғату истилоҳоти он аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои забон дар даврони муосир ба ҳисоб мераванд.
Вай афзуд, зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони давлатӣ ва ба пояи забони илми муосир расонидани он дастҷамъона кӯшиш намоем ва дар ин замина донишмандони кишварро зарур аст, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф кунанд.
Сарвари давлат таъкид намуд, мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд.
"Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем",- таъкид кард, президент.
Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад, таъкмд кард дар фарҷом кишвардор.