https://sputnik.tj/20241004/oghozi-marhilai-duumi-amaliyoti-nelegal-khatlon-1064582791.html
Оғози марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" дар Хатлон
Оғози марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамасола дар давлатҳои аъзои СААД бо мақсади танзими раванди муҳоҷират дар чанд марҳила амалиёти муштараки "Нелегал" гузаронида мешавад
2024-10-04T11:56+0500
2024-10-04T11:56+0500
2024-10-04T11:56+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
хатлон
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057818940_0:30:876:523_1920x0_80_0_0_2fe1246090d7636101d520b352176f95.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" оғоз ёфта то то 6 ноябр идома меёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.Тибқи нақшаи амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал-2024" ва иҷрои фармони муштараки ВКД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, амалиёт дар ду марҳила гузаронида мешавад.Қайд карда шудааст, ки марҳилаи якуми он бо номи "Ҳаракати ғайриқонунӣ" аз 3 июн то 9 июни соли 2024 бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.Марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал Кордон" 30 октябр оғоз гардида, то 6 ноябр идома меёбад.ВКД қайд кардааст, ки амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, гузаронида мешавад.Ҳамзамон амалиёти мазкур ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида
https://sputnik.tj/20191027/Amaliyoti-Nelegal-i-maqomoti-tojik-dar-korkhonahoi-chini-kambudi-nest-obuna-shaved-1030108625.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057818940_71:0:806:551_1920x0_80_0_0_8edb7a5d0f7b879731b852fe0c60f3c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амалиёти нелегал, хатлон, вкд, саад, муҳоҷират
тоҷикистон, амалиёти нелегал, хатлон, вкд, саад, муҳоҷират
Оғози марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" дар Хатлон
Ҳамасола дар давлатҳои аъзои СААД бо мақсади танзими раванди муҳоҷират дар чанд марҳила амалиёти муштараки "Нелегал" гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" оғоз ёфта то то 6 ноябр идома меёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал-2024" ва иҷрои фармони муштараки ВКД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, амалиёт дар ду марҳила гузаронида мешавад.
Қайд карда шудааст, ки марҳилаи якуми он бо номи "Ҳаракати ғайриқонунӣ" аз 3 июн то 9 июни соли 2024 бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал Кордон" 30 октябр оғоз гардида, то 6 ноябр идома меёбад.
ВКД қайд кардааст, ки амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, гузаронида мешавад.
Ҳамзамон амалиёти мазкур ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида