https://sputnik.tj/20241003/tojikiston-diplomatiyai-varzishi-kor-giriftaast-1064577255.html
Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро ба кор гирифтааст
Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро ба кор гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳони гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими ҳукумат номиданд
2024-10-03T16:31+0500
2024-10-03T16:31+0500
2024-10-03T16:31+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
қатар
мусобиқа
сабқати варзишӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064578462_0:52:1280:772_1920x0_80_0_0_3c57123034405151acb4784afe746174.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” гуфт, ки Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.Президенти кишвар бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуд.Кишвардори Тоҷикистон аз кишварҳои Осиё даъват намуд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа ҷалб намуд.Кишвардори Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ миёни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои аъзои Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шавад.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ андешаронӣ намуд.
https://sputnik.tj/20241003/peshnihodi-tojikiston-ba-qatar-dar-borai-tashkili-fondi-mushtaraki-iqtisodi-va-sarmoyaguzori-1064568732.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/03/1064578462_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_da32c5a1729cd44f281666b26a26874e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, сиёсат, қатар, мусобиқаи ҷаҳонӣ
тоҷикистон, варзиш, сиёсат, қатар, мусобиқаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро ба кор гирифтааст
Эмомалӣ Раҳмон баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳони гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими ҳукумат номиданд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” гуфт, ки Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои Дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.
Президенти кишвар бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуд.
Кишвардори Тоҷикистон аз кишварҳои Осиё даъват намуд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа ҷалб намуд.
Кишвардори Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ миёни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои аъзои Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.
Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ андешаронӣ намуд.