Муфаттишони рус ташкилкунандагони ҳамлаи террористӣ дар Крокусро дар хориҷ меҷӯянд

© Sputnik / Григорий СысоевСгоревшее здание подмосковного "Крокус Сити Холла".
Сгоревшее здание подмосковного Крокус Сити Холла. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2024
Обуна шудан
Муфатишони рус бовар доранд, ки ташкилкунандагони аслии ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Хол дар кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Муфаттишони рус, ки парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл мебаранд, ташкилкунандагони амали террористиро берун аз Русияро ҷустуҷӯ доранд, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба маводҳои додгоҳӣ.
"Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ махсусан аз он сабаб душвор аст, ки ... зарурати анҷом додани шумораи зиёди амалҳои тафтишотӣ, ки ба муайян кардани ҳолатҳои воқеии ҳодиса нигаронида шудаанд ва шахсони дигаре дар содир намудани ҷиноят, ҷойгиршавии ташкилкунандаҳо ва шарикони ҷиноятҳо берун аз қаламрави Русия", гуфта мешавад дар санад.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Продление ареста обвиняемым по делу о нападении на Крокус сити холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус боз тамдид шуд
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Избрание меры пресечения обвиняемому в теракте в Крокус Сити Холле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2024
Дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Крокус муттаҳамони нав пайдо мешаванд
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-ба феҳристи террористон ва экстремистҳои Росфинмониторинг ворид карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0