Раҳмон вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуд

© Foto / Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон прибыл с визитом в Катар
Эмомали Рахмон прибыл с визитом в Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2024
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати Қатар сафар намуд
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Тоҷикистонро вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки президенти ба Давлати Қатар барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё сафар намудааст.
Эмомали Рахмон отправился с визитом в Государство Катар   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2024
Раҳмон ба Қатар рафт
Дар ин сафар президенти Тоҷикистонро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин севумин сафари раисҷумҳур дар соли равон ба Доҳа аст. Қаблан ӯ дар моҳи январ ва феврал бо ҳайати ҳукумат ба ин кишвар сафр карда буд.
Лентаи хабарҳо
0