https://sputnik.tj/20241002/nobudsozii-nazdik-20-hazor-sarbozi-ukraini-viloyati-kursk-1064564241.html
Нобудсозии наздик ба 20 ҳазор сарбози украинӣ дар вилояти Курск
Нобудсозии наздик ба 20 ҳазор сарбози украинӣ дар вилояти Курск
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар як шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск то 300 сарбози украинӣ кушта ва захмӣ шудааст
2024-10-02T19:41+0500
2024-10-02T19:41+0500
2024-10-02T19:41+0500
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
талафот
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064184825_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_50a1f2b1d4a1571537112c6418ff8bf6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар давоми 24 соат ахир дар самти вилояти Курск зиёда аз 300 сарбозашро аз даст додааст.Ба иттилои вазорат дар вилояти Курски дар 24 соати ахир 7 сарбози украинӣ ба асорат афтидааст.Дар маҷмуъ тибқи иттилои вазорати дифои Русия дар вилояти Курск артиши Украина беш 19550 нафар сарбозашро аз даст додааст.Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дода, гуфт, ки душман ҳамзамон дар баробари нерӯи зинда даҳҳо техникаро талаф дод.Ҳамзамон артиши Украина 135 тонки украиниро дар хоки Русия нобуд кардаанд.“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20241001/dar-muhosira-gharb-az-artishi-ukraina-khost-boz-yak-shahri-digarro-tark-namoyand-1064551980.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064184825_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_ae0ec67d668cb68720c87ce206394757.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, курск, сарбоз, нобудсозӣ, вазорати дифоъ, кушта захмӣ, амалиёти вижа
русия, украина, курск, сарбоз, нобудсозӣ, вазорати дифоъ, кушта захмӣ, амалиёти вижа
Нобудсозии наздик ба 20 ҳазор сарбози украинӣ дар вилояти Курск
Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар як шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск то 300 сарбози украинӣ кушта ва захмӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар давоми 24 соат ахир дар самти вилояти Курск зиёда аз 300 сарбозашро аз даст додааст.
Ба иттилои вазорат дар вилояти Курски дар 24 соати ахир 7 сарбози украинӣ ба асорат афтидааст.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои вазорати дифои Русия дар вилояти Курск артиши Украина беш 19550 нафар сарбозашро аз даст додааст.
Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дода, гуфт, ки душман ҳамзамон дар баробари нерӯи зинда даҳҳо техникаро талаф дод.
Ҳамзамон артиши Украина 135 тонки украиниро дар хоки Русия нобуд кардаанд.
“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.