https://sputnik.tj/20241002/eron-hamkori-iiao-markazi-tijori-logistiki-bunyod-1064563758.html
Эрон омодааст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИИАО маркази тиҷорӣ ва логистикӣ бунёд кунад
Эрон омодааст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИИАО маркази тиҷорӣ ва логистикӣ бунёд кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори эронӣ ахиран сиёсати таҳримоти Амрико алайҳи Эронро як “силоҳи душманона” алайҳи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё номид
2024-10-02T17:09+0500
2024-10-02T17:09+0500
2024-10-02T17:09+0500
ииао
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
марказ
логистика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e3207ca1cc012892ee39e3de00206eb0.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноиби раисҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Ориф гуфт ИИАО барои аз байн бурдани ин сиёсати ғалат тавоноӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Armenia Today”."Силоҳсозии иқтисод дар арсаи байналмилалӣ ҳамгироии иқтисодиро байни давлатҳои мустақили рӯ ба инкишоф, аз қабили кишварҳои ИИАО ба зарурат талаб мекунад”, - гуфт ӯ.Стратегияи ҳамкории зич байни давлатҳои мустақил метавонад ин сиёсатро аз байн бубарад”, гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Ереван.Оқои Ориф аз дархости Теҳрон барои гирифтани мақоми нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ёдовар шуда, ба пуштибонии кишварҳои узв изҳори умедворӣ кард.Ба гуфтаи ӯ, ИИАО метавонад аз зарфияти логистикии Эрон барои ворид шудан ба бозорҳои васеъ дар Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ истифода кунад.“Бандарҳои Эрони ҷанубӣ метавонанд дар як сол то 210 миллион тонна борро интиқол диҳанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст”, - қайд кард мақомдори эронӣ.Ҳамчунин вай гуфт, ки Эрон омода аст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, марокизи тиҷорӣ ва логистикӣ эҷод кунад ва барои тавсеъаи бандарҳои ҷанубӣ ва шимолии худ имтиёзоти вижае фароҳам кунад.
https://sputnik.tj/20240930/sodiroti-eron-iiao-afzoish-1064533178.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_650d14221f07fb69e37a525859dd7d8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ииао, ҳамкорӣ, марказ, логистикӣ, иқтисод, равобит, има, таҳрим
эрон, ииао, ҳамкорӣ, марказ, логистикӣ, иқтисод, равобит, има, таҳрим
Эрон омодааст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИИАО маркази тиҷорӣ ва логистикӣ бунёд кунад
Сиёсатмадори эронӣ ахиран сиёсати таҳримоти Амрико алайҳи Эронро як “силоҳи душманона” алайҳи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё номид
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноиби раисҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Ориф гуфт ИИАО барои аз байн бурдани ин сиёсати ғалат тавоноӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Armenia Today”.
"Силоҳсозии иқтисод дар арсаи байналмилалӣ ҳамгироии иқтисодиро байни давлатҳои мустақили рӯ ба инкишоф, аз қабили кишварҳои ИИАО ба зарурат талаб мекунад”, - гуфт ӯ.
Стратегияи ҳамкории зич байни давлатҳои мустақил метавонад ин сиёсатро аз байн бубарад”, гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Ереван.
Оқои Ориф аз дархости Теҳрон барои гирифтани мақоми нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ёдовар шуда, ба пуштибонии кишварҳои узв изҳори умедворӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ИИАО метавонад аз зарфияти логистикии Эрон барои ворид шудан ба бозорҳои васеъ дар Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ истифода кунад.
“Бандарҳои Эрони ҷанубӣ метавонанд дар як сол то 210 миллион тонна борро интиқол диҳанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст”, - қайд кард мақомдори эронӣ.
Ҳамчунин вай гуфт, ки Эрон омода аст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, марокизи тиҷорӣ ва логистикӣ эҷод кунад ва барои тавсеъаи бандарҳои ҷанубӣ ва шимолии худ имтиёзоти вижае фароҳам кунад.