https://sputnik.tj/20241001/tojikiston-kuhansole-zindagi-mekunad-omori-maqomot-1064547651.html
Мақомот теъдоди садсолаҳо дар Тоҷикистонро ошкор кард
Мақомот теъдоди садсолаҳо дар Тоҷикистонро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон ахиран дар бораи теъдоди садсолаҳо дар кишвар маълумот дод
2024-10-01T15:56+0500
2024-10-01T15:56+0500
2024-10-01T15:56+0500
дар тоҷикистон
дарозумр
омор
пиронсол
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000165_0:166:3077:1897_1920x0_80_0_0_2019cd0550936e335f579c89f0e5a1f7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон 230 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло ба сар мебарад.Чунин маълумотро Агентии омори назди президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст.Ҳамин тариқ дар авоили соли ҷорӣ ҷамъияти дорои синни 100 сол ва болотар аз он дар Тоҷикистон 230 нафарро ташкил медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар кишвар ҳамчунин беш аз 500 ҳазор нафар, ки синнашон аз 60 болост зиндагӣ мекунанд, ки 6%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳад.Ҳамин тариқ мақомот, бо назардошти дарозумрии миёнаи аҳолӣ, вазъи саломатӣ ва низоми нафақа пиронсолонро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардааст:Таъкид мешавад, ки дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки ин аз беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоъӣ ва хидматрасонии пизишкӣ барои куҳансолон гувоҳӣ медиҳад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон беш аз 815 ҳазор нафар нафақа мегиранд. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар ҳудуди 370,6 сомониро ташкил медиҳад.Нафақаи бештарро дар шаҳри Душанбе – 469,8 сомонӣ мегиранд. Нафакахурони вилояти ВМКБ 464 сомонӣ нафака мегиранд.
https://sputnik.tj/20240101/abdullozoda-istiqloliyat-darozumri-aholi-sol-1061146160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000165_87:0:2818:2048_1920x0_80_0_0_3b6a46a5209a49e9865b39f9d2697f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, дарозумрӣ, куҳансол, зиндагӣ, омор, садсола, агентии омор
тоҷикистон, дарозумрӣ, куҳансол, зиндагӣ, омор, садсола, агентии омор
Мақомот теъдоди садсолаҳо дар Тоҷикистонро ошкор кард
Агентии омори Тоҷикистон ахиран дар бораи теъдоди садсолаҳо дар кишвар маълумот дод
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон 230 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло ба сар мебарад.
Чунин маълумотро Агентии омори назди президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Ҳамин тариқ дар авоили соли ҷорӣ ҷамъияти дорои синни 100 сол ва болотар аз он дар Тоҷикистон 230 нафарро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар кишвар ҳамчунин беш аз 500 ҳазор нафар, ки синнашон аз 60 болост зиндагӣ мекунанд, ки 6%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ мақомот, бо назардошти дарозумрии миёнаи аҳолӣ, вазъи саломатӣ ва низоми нафақа пиронсолонро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардааст:
шахсони аз 63 то 75 сола (солхурда), ки аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол буда, баъди ба нафака баромадан метавонанд корро давом диханд;
ашхоси аз 75 то 85 сола (пиронсол), ки нисбатан фаъол нестанд, аксарияти онҳо ба ёрии тиббӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ниёз доранд;
шахсони аз 85-сола боло (дарозумр), ки мушкилоти зиёди саломатӣ доранд ва аксар вақт ба нигоҳубин ва дастгирии доимӣ ниёз доранд.
Таъкид мешавад, ки дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки ин аз беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоъӣ ва хидматрасонии пизишкӣ барои куҳансолон гувоҳӣ медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон беш аз 815 ҳазор нафар нафақа мегиранд. Ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар ҳудуди 370,6 сомониро ташкил медиҳад.
Нафақаи бештарро дар шаҳри Душанбе – 469,8 сомонӣ мегиранд. Нафакахурони вилояти ВМКБ 464 сомонӣ нафака мегиранд.