Ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ парвозҳояшонро ба Русия зиёд кардаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет совершает посадку в международном аэропорту Шереметьево
Самолет совершает посадку в международном аэропорту Шереметьево - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2024
Обуна шудан
Аз афзоиши мусофиркашонӣ бо кишварҳои хориҷи наздик, маълумот дар бораи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия низ шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ, бахусус Тоҷикистон, дар ду соли ахир теъдоди парвозҳо ба Русияро афзоиш додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “РБК”.
Гуфта мешавад, ки шумораи бештари парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Узбекистон ((Uzbekistan Airways, Qanot Sharq), Белорус (Белавия) ва Арманистон (Shirak Avia, Armenian Airlines, Air Dilijans, FlyOne Armenia, Hayways) анҷом дода шудаанд.
Дар ҳоле, ки ба панҷгонаи беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Озарбойҷони Azerbaijan Airlines (Azal), “Avia Traffic” ва “Aero Nomad”-и Қирғизистон ва “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон нииз шомиланд.
Таъкид карда шудааст, ки афзоиши интиқоли мусофирон бо кишварҳои хориҷи наздик омори ФСБ-и Русия низ шаҳодат медиҳад.
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2024
Вуруди ӯзбекистониҳо ба Русия зиёду аз Тоҷикистон кам шудаст
Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз рӯи шумораи вуруд ба Русия пешсафони Узбакистон буданд – 1,8 миллион нафар, ки нисбат ба соли гузашта 6% бештар аст.
Ҳамчунин, ба сегонаи пешсаф шаҳрвандони Қазоқистон – 1,5 миллион нафар (афзоиши 8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ва Тоҷикистон – 977 ҳазор ( коҳиши 8%) шомил шудаанд.
Қаблан Тоҷикистон омори вуруди шаҳрвандонро нашр карда буд. Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли равон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
Ба панҷ кишвари пешсаф дар бахши гардишгарӣ Узбакистон (205,1 ҳазор), Русия (31,9 ҳазор), Қазоқистон (7,1 ҳазор), Чин (2,8 ҳазор) ва Туркия (2,5 ҳазор) шомил шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0