Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) аз идомаи рақобатҳо дар Ҷоми Осиё маҳрум шуд

© Foto / ФФТМолодежная сборная Таджикистана по футболу
Молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2024
Обуна шудан
Бозигарони тоҷик дар умум шаш имтиёз ба даст оварда, дар гуруҳи “Е” мақоми севумро гирифтанд, ки барои расидан ба бозиҳои ниҳоӣ кофӣ набуд
ДУШАНБЕ, 30 сент — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аз идомаи рақобатҳо дар Ҷоми Осиё-2025 маҳрум шуд.
Яккачини таҳти раҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар бозии ниҳоии марҳалаи интихобӣ аз Уммон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ бозигарони тоҷик дар умум шаш имтиёз ба даст оварда, дар гуруҳи “Е” мақоми севумро гирифтанд, ки барои расидан ба бозиҳои ниҳоӣ кофӣ набуд.
Бозигарони ҷавони кишвар дар рақобати аввалашон дар доираи ин мусобиқа Шри-Ланкаро 3:0 шикаст доданд, аммо дар дидори баъдӣ аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, рақобати сеюм Малайзияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
Дастаи Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2024
Тими “Истиқлол” бо "Сипоҳон"-и Эрон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё бозӣ мекунад
Ёдовар мешавем, ки ҳама бозиҳои интихобии гуруҳи “Е” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, мунтахаби Тоҷикистон соҳибони майдон буданд.
Ҳамакнун аз ин гуруҳ, мунтахабҳои Кореяи Шимолӣ бо касби 10 имтиёз ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт, ки он қарор аст, аз 6 то 23 феврали соли оянд дар Чин баргузор шавад.
Ҳарчанд ФФТ дар оғоз қасди расидан ба марҳилаи ниҳоиро дошт ва барои ин мутахассиси словенӣ Милош Костичро овард аммо ӯ ба тим кумак карда натавонист ва яккачин бори аввал сар аз соли 2016 ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфт.
Лентаи хабарҳо
0