https://sputnik.tj/20240929/tojikiston-jalb-mlrd-dollar-khorij-roghun-guftushunid-1064518209.html
Тоҷикистон барои ҷалби қариб 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба "Роғун" гуфтушунид дорад.
Тоҷикистон барои ҷалби қариб 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба "Роғун" гуфтушунид дорад.
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат тайи солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равон кардааст
2024-09-29T13:58+0500
2024-09-29T13:58+0500
2024-09-29T13:58+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
сармоя
барқ
иншоот
сохтмони нерӯгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064498503_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_71b6f2150af482e08826806e8b6fe45f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сент — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷа ба сохтмони "Роғун" 3,5 млрд сомонӣ равона кардааст. Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, ҳоло гуфтушунидҳо барои ҷалби 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба ин иншоот идома дорад.Таъкид мешавад, ки дар давоми солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равона шудааст. Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад, афзуд манбаъ.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин иншооти азим бори дигар дар назди коргарону мутахассисони неругоҳ вазифа гузошт, ки ҷараёни корҳои сохтмон тезонида шуда, он бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.Гуфта мешавад, ки ҳоло шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 - 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуд.
https://sputnik.tj/20240927/rahmon-khat-intiqol-barq-nbo-roghun-1064502127.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064498503_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_984fa67145c808b93a76560cb310cc72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҷалби млрд доллари хориҷӣ "роғун" гуфтушунид
тоҷикистон ҷалби млрд доллари хориҷӣ "роғун" гуфтушунид
Тоҷикистон барои ҷалби қариб 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба "Роғун" гуфтушунид дорад.
Ҳукумат тайи солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равон кардааст
ДУШАНБЕ, 29 сент — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷа ба сохтмони "Роғун" 3,5 млрд сомонӣ равона кардааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, ҳоло гуфтушунидҳо барои ҷалби 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба ин иншоот идома дорад.
"То ҳол садҳо млн доллар аз созмонҳои молиявӣ ҷалб шудаанд. Гуфтушунидҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ ба маблағи 650 млн доллар ва созишномаи қарзӣ ба маблағи 500 млн доллар идома ёфта истодаанд",- афзудааст манбаъ.
Таъкид мешавад, ки дар давоми солҳои 2008 – 2024 барои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ равона шудааст.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад, афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин иншооти азим бори дигар дар назди коргарону мутахассисони неругоҳ вазифа гузошт, ки ҷараёни корҳои сохтмон тезонида шуда, он бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 - 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуд.