Дар Тоҷикистон зиёда аз 1800 нафар “Диктанти адабӣ” навишт

© Foto / Пресс-служба Россотрудничества"Литературный диктант" в Душанбе
Литературный диктант в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2024
Обуна шудан
Чорабинии байналмилалии маърифатӣ бо дастгирии Россотрудничество дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон мактаббачагон, донишҷӯён, муаллимон ва дӯстдорони воқеии сухан барои санҷиши дониши худ "Диктанти адабӣ" навиштанд.
Қариб 1,8 ҳазор нафар дониши худро аз адабиёти рус санҷиданд, хабар дод Россотрудничество.
Чорабинии маърифатии “Диктанти адабӣ” барои севвумин бор дар Тоҷикистон бо кумаки Россотрудничество баргузор мегардад. Он дар шаш шаҳри Тоҷикистон: Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода ва Хуҷанд баргузор шуд.
Россотрудничество передало школам Дангары и Душанбе 1,3 тыс. учебников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2024
Мактаббачагони Данғараву Душанбе аз Россотрудничество китобҳои нави дарсӣ гирифтанд
Қабл аз оғози "Диктанти адабӣ" Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки "ин чорабинӣ барои онҳое аст, ки адабиёти классикии рус дӯст медоранд, таваҷҷуҳ доранд ва шояд танҳо дарҳоро ба рӯи адабиёти классикии рус боз мекунанд".
Маврид ба зикр аст, ки иштирокчиёни "Диктанти адабӣ" бояд дар муддати як соат ба 20 савол дар бораи асарҳои адибони рус, тафсилоти зиндагии нависандагони рус посух нависанд.
Натиҷаи диктант то рӯзи 2 октябр маълум мешавад ва ба ғолибон диплому шаҳодатнома супурда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0