Ширкати “Moody’s рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро боло бурд

© AP / Mark LennihanЛоготип агентства Moody's Corp. в Нью-Йорке
Логотип агентства Moody's Corp. в Нью-Йорке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2024
Обуна шудан
Ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s” дурнамои рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро баланд бардошт
ДУШАНБЕ, 28 сент — Sputnik. Ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи "B3" бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи "B3" бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттлои манбаъ, ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд таъсир кардааст.
"Инчунин ба рейтинг таҳкими нишондиҳандаҳои берунӣ тайи солҳои охир, маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миёнамуҳлати лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ мусоидат намуданд", - цайд кардааст БМТ.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Маврид ба зикр аст, ки ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад.
Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.
Лентаи хабарҳо
0