Баробар бо сементу оҳан: Чубу тахта асоси сохтмонҳои Тоҷикистон аст - видео

Обуна шудан
Бар пояи омори расмӣ чубу тахтаҳои хушсифати сохтмонӣ ба бозорҳои Тоҷикистон асосан аз Федератсияи Русия ворид карда мешавад
Ҳам фурӯшандаҳо ва ҳам хариддорони чубу тахта дар бозорҳои Тоҷикистон мегуянд, бидуни ин масолеҳ ба анҷом расонидани сохтмони иморату иншоотҳо ғайриимкон аст.
Аз фарши бино то сақф (бом) и манзилҳову дигар иморатҳо чуб ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ ба таври фаровон истифода мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозори чубу тахта воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмонии Суғд гуфта мешавад, рафт ва набзи ин фурӯшгоҳҳоро дар суҳбат бо хариддорону тоҷирон санҷид.
Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард
Ҷумъа Ҳофиз, сокини ноҳияи Мастчоҳ мегуяд, аз замонҳои қадим мардуми русто дар сохтмонҳо аз чуб фаровон истифода мекарданд ва ҳоло дар асри плостик ҳам он аҳамияти худро гум накардааст, балки эҳтиёҷоти мардум то рафт ба ин тӯҳфаи табиат меафзояд.
“Аксари мардум дар рустои мо, ҳоло аз баҳри дару тирезаҳои плостик баромада боз ҳам ба чуб ру овардаанд. Ҳеҷ чиз ҷойи чубро гирифта наметонад, зеро он аз табиат аст” – гуфт, Ҳофиз.
Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ гуфт, дар рустои худ мағозаи хурди фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дуруст кардааст ва ҳар ҳафта ба ноҳияи бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада аз ин ҷо тибқи дархости мизоҷон чубу тахта мебарад.
Ҳасанбой Миробидов, яке аз фурӯшандаҳои бозори чуб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, омаду рафти хариддорони зиёд аз навоҳии дурдасти Суғд ба ин макон, далели раднопазири он аст, ки чуб муҳимтарин масолеҳи сохтмон маҳсуб мешавад.
“Хариддорон барои зудтар буд шудани кори сохтмонашон ба мо тахтаҳо бо андозаҳои гуногунан фармоиш медиҳанд. Тахтаҳо барои фарши иморат ва ё тахтаҳо барои шиферпуш намудани боми хона, мо онҳоро аз арра гузаронида дуруст карда мефурӯшем” – гуфт, Миробидов.
Аз бунёди боғ то корхонаҳои пойафзолу доруворӣ: Суғду Рязан ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Бино ба иттилои дарёфтӣ ҳоло як куб тахта дар бозорҳои Суғд 3,8 – 4 ҳазор сомонӣ, муодили 32 – 34 ҳазор рубли русӣ фурӯхта мешавад.
Дар муқоиса ба як соли пеш қимати чӯб то 5 – 6 % дар бозорҳо боло рафтааст.
Бино ба иттилоъи Идораи омори вилояти Суғд давоми 8 моҳи соли 2024, беш 236 ҳазор тон чубу тахта ворид шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 108 % зиёд гуфта мешавад.
Тавре Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, беш аз 80% и воридоти ин навъи мол ба вилояти Суғд аз Федератсияи Русия сурат гирифтааст.

“Баъд аз Русия, кишварҳои Белорус ва Қазоқистон воридкунандаи асосии чубу тахта ба ҳисоб мераванд” – гуфт, сардори Сарраёсати омор.

Бар пояи иттилоъи манбаъ ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон беш аз 50 адад коргоҳҳои хурду бузург дар самти коркарди чубу тахта фаъол шудааст, ки ба тавлиди молҳои воридотивазкунанда аз ҷумла мизу курсиҳои таълимӣ дар макотиб ва донишгоҳҳо машғуланд.
Сардори Идораи омор мегуяд, зиёд фаъол шудани чунин коргоҳҳои коркарди чуб далоили он аст, ки талабот ба ворид намудани чубу тахта зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0