https://sputnik.tj/20240924/rahmon-rohbaron-davlatho-halli-nizo-barqarorsozii-sulhu-subot-davat-1064462106.html
Раҳмон роҳбарони давлатҳоро ба ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот даъват кард
Раҳмон роҳбарони давлатҳоро ба ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз минбари СММ раҳбарони кишварҳои ҷазонро ба ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра даъват кард
2024-09-24T16:59+0500
2024-09-24T16:59+0500
2024-09-24T16:59+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
смм
ҳалли низоъ
раисҷумҳур
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/18/1064457041_199:232:2048:1272_1920x0_80_0_0_0a9238eba01d84851fcf5565492b510c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши Оянда дар СММ гуфт, ки имрӯз шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд.“Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.Вай илова кард, ки вақти он расидааст, ки аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра ба кор бигирем.Дар робита ба ин, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.Раҳбари Тоҷикистон зимни суханрониаш изҳори боварӣ кардааст, ки саммити имрӯза барои баррасии амиқ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир заминаи муносиб хоҳад гузошт.
https://sputnik.tj/20240924/rahmon-davbiri-kulli-smm-muboriza-terrorizm-ifrotgaroi-1064461149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/18/1064457041_178:0:1998:1365_1920x0_80_0_0_46f349b375b35b3827d1a3c94b2538dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, раҳбарон, сулҳу, субот, барқарорсозӣ, ҳалли низоъ, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, смм, раҳбарон, сулҳу, субот, барқарорсозӣ, ҳалли низоъ, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон роҳбарони давлатҳоро ба ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот даъват кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз минбари СММ раҳбарони кишварҳои ҷазонро ба ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра даъват кард
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши Оянда дар СММ гуфт, ки имрӯз шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд.
“Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки вақти он расидааст, ки аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра ба кор бигирем.
Дар робита ба ин, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.
Раҳбари Тоҷикистон зимни суханрониаш изҳори боварӣ кардааст, ки саммити имрӯза барои баррасии амиқ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир заминаи муносиб хоҳад гузошт.