Раҳмон Пизишкиёнро ба Тоҷикистон даъват кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон раисҷумҳури Эронро зимни дидору мулоқот дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ба Тоҷикистон даъват кард
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешад.
Инчунин дар ин мулоқт тарафҳо ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Спасатели возле угольной шахте в Табасе, Иран  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
Андуҳи Раҳмон ва Рустам аз марги даҳҳо тан дар як кони ангишти Эрон
Ҳамчунин барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар фароварди мулоқот президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Лентаи хабарҳо
0