https://sputnik.tj/20240924/baor-durnamoi-rushdi-iqtisodi-tojikiston-1064454725.html
БАОР: Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон дар сатҳи 8% боқӣ мемонад
БАОР: Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон дар сатҳи 8% боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мутахассисони Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад
2024-09-24T10:46+0500
2024-09-24T10:46+0500
2024-09-24T10:46+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ммд
баор
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063832647_0:76:3218:1886_1920x0_80_0_0_1bc1eada213617e91b2a3c8d60a8c6cd.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки то охири соли равон 8% афзоиш хоҳад ёфт, хабар медиҳад Бонки рушди АвруОсиё дар шабакаи телеграми худ.БАОР дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар сатҳи 8% дар давоми соли ҷорӣ пешгӯи кардааст.Ба гуфтаи таҳлилгарони ин бонк, талаботи зиёди истеъмолгарон ба нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунад."Дар охири моҳи август, фурӯши чакана 12,3% дар як сол афзудааст, афзоиши онҳо ба болоравии музди меҳнат, ки дар бахши давлатӣ аз аввали нимаи дуюми соли ҷорӣ сурат гирифт мусоидат мекунад”, — кайд карда мешавад дар гузориши БАОР.Дар ҳамин ҳол, истихроҷи маъдан дар кишвар дар моҳҳои январ-август нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ то 23,7% (дар моҳҳои январ-июл 32,7%), суст шуд.Ҳамзамон дар кишвар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 6,7% (11,6% дар моҳҳои январ-июл) ва сармоягузорӣ то 8,1% (11,5% барои январ-июл) афзоиш ёфт.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон 8,3% рушд карда буд.Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид.Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5%, кишоварзӣ 9,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7%, гардиши савдо 11,9%, боркашонӣ 13,8% ва мусофиркашонӣ 9% таъмин гардид.Сатҳи таваррум, дар давраи ҳисоботӣ 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.Дар ин давра таваррум асосан аз ҳисоби 1,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 1,6% молҳои ғайриозуқа ва 4% арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ ташаккул ёфтааст.
https://sputnik.tj/20231228/rakhmon-1061095661.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063832647_292:0:3023:2048_1920x0_80_0_0_f6e6b618b3b87525c7a080ffe6149c4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, баор, ммд, авруосиё, дурнамо
тоҷикистон, иқтисод, баор, ммд, авруосиё, дурнамо
БАОР: Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон дар сатҳи 8% боқӣ мемонад
Ба иттилои мутахассисони Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки то охири соли равон 8% афзоиш хоҳад ёфт, хабар медиҳад Бонки рушди АвруОсиё дар шабакаи телеграми худ.
БАОР дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар сатҳи 8% дар давоми соли ҷорӣ пешгӯи кардааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони ин бонк, талаботи зиёди истеъмолгарон ба нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунад.
"Дар охири моҳи август, фурӯши чакана 12,3% дар як сол афзудааст, афзоиши онҳо ба болоравии музди меҳнат, ки дар бахши давлатӣ аз аввали нимаи дуюми соли ҷорӣ сурат гирифт мусоидат мекунад”, — кайд карда мешавад дар гузориши БАОР.
Дар ҳамин ҳол, истихроҷи маъдан дар кишвар дар моҳҳои январ-август нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ то 23,7% (дар моҳҳои январ-июл 32,7%), суст шуд.
Ҳамзамон дар кишвар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 6,7% (11,6% дар моҳҳои январ-июл) ва сармоягузорӣ то 8,1% (11,5% барои январ-июл) афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон 8,3% рушд карда буд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5%, кишоварзӣ 9,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7%, гардиши савдо 11,9%, боркашонӣ 13,8% ва мусофиркашонӣ 9% таъмин гардид.
Сатҳи таваррум, дар давраи ҳисоботӣ 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Дар ин давра таваррум асосан аз ҳисоби 1,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 1,6% молҳои ғайриозуқа ва 4% арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ ташаккул ёфтааст.