https://sputnik.tj/20240923/vkkh-safiri-mo-nabud-1064438108.html
ВКХ: “Сафири мо набуд”
ВКХ: “Сафири мо набуд”
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахбори расонаҳо дар бораи ҳузури сафири ин кишвар ба ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар Исломободро рад кард
2024-09-23T11:52+0500
2024-09-23T11:52+0500
2024-09-23T19:15+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
сафир
таркиш
покистон
амали террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки сафири Тоҷикистон дар ҷамъи сафирони дигар кишварҳо қарор дошт, вақте як ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.Шоҳин Самадӣ, сухангӯӣ вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода дар ҳайати сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ширкат дар як форуми гардишгарӣ ба водии Свот сафар мекард, ҳузур надошт.Юсуф Шарифзода аз моҳи июни соли равон ба ин сӯ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аст.Қаблан расонаҳои покистонӣ хабар дода буданд, ки мошини ҳомили як ҳайати сафирони хориҷӣ, ба шумули Русия, Португалия, Эфиопия, Индонезия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Эрон ва дигарон тавассути мина мунфаҷир шудааст. Ин ҳайат рӯзи якшанбе барои ширкат дар форуми рушди гардишгарӣ дар дараи Своти вилояти Хайбар Пахтунхвоҳ, ки аз сӯи утоқи тиҷорат ва саноеъи Покистон баргузор шуда буд, ширкат кард.Баъдан вазорат хориҷа Покистон хабар дод, ки ҳамла ба як мошини пулис сурат гирифтааст, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ мекард. Дар натиҷа як пулис кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вух, сафир, таркиш, мошин, покистон, амали террористӣ
тоҷикистон, вух, сафир, таркиш, мошин, покистон, амали террористӣ
ВКХ: “Сафири мо набуд”
11:52 23.09.2024 (Навсозишуда: 19:15 23.09.2024) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахбори расонаҳо дар бораи ҳузури сафири ин кишвар ба ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар Исломободро рад кард
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки сафири Тоҷикистон дар ҷамъи сафирони дигар кишварҳо қарор дошт, вақте як ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.
Шоҳин Самадӣ, сухангӯӣ вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода дар ҳайати сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ширкат дар як форуми гардишгарӣ ба водии Свот сафар мекард, ҳузур надошт.
Юсуф Шарифзода аз моҳи июни соли равон ба ин сӯ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аст.
Қаблан расонаҳои покистонӣ хабар дода буданд, ки мошини ҳомили як ҳайати сафирони хориҷӣ, ба шумули Русия, Португалия, Эфиопия, Индонезия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Эрон ва дигарон тавассути мина мунфаҷир шудааст. Ин ҳайат рӯзи якшанбе барои ширкат дар форуми рушди гардишгарӣ дар дараи Своти вилояти Хайбар Пахтунхвоҳ, ки аз сӯи утоқи тиҷорат ва саноеъи Покистон баргузор шуда буд, ширкат кард.
Баъдан вазорат хориҷа Покистон хабар дод, ки ҳамла ба як мошини пулис сурат гирифтааст, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ мекард. Дар натиҷа як пулис кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.