https://sputnik.tj/20240922/talafot-artish-ukraina-viloyat-kursk-nizomi-1064434166.html
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск аз 16 ҳазор низомӣ гузашт
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск аз 16 ҳазор низомӣ гузашт
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22 сент – Sputnik. Дар ҷараёни набардҳо дар вилояти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 16 ҳазор сарбози худро аз даст доданд. 22.09.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-09-22T17:51+0500
2024-09-22T17:51+0500
2024-09-22T17:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
артиш
русия
талафоти ҷонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/10/1064346753_0:0:3209:1805_1920x0_80_0_0_8e5b911a3c8021c936503d8717e7ad8b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сент – Sputnik. Дар ҷараёни набардҳо дар вилояти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 16 ҳазор сарбози худро аз даст доданд.Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск гуфта мешавад.Ҳамчунин ҳашт падофанд, панҷ мошини борбардорӣ, 31 истгоҳи ҷанги электронӣ, ҳафт радари боздоранда, ду радари дифоъи ҳавоӣ, 17 воҳиди муҳандисӣ, ки аз он 10 мошини муҳандисии тозакунии УР-77 ва як минатозакун аз дигар талафоти душман будааст.“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20240922/tavsiya-shreder-ghalaba-rusiya-mekhohand-tarikh-1064432700.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/10/1064346753_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_625b2035583862a2101687b238b5c461.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, артиш, русия, талафоти ҷонӣ
украина, артиш, русия, талафоти ҷонӣ
ДУШАНБЕ, 22 сент – Sputnik. Дар ҷараёни набардҳо дар вилояти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 16 ҳазор сарбози худро аз даст доданд.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск гуфта мешавад.
“Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск душман беш аз 16 ҳазор нафар низомиён, 126 танк, 57 худрави ҷангии пиёданизом, 95 нафарбари зиреҳпӯш, 795 зиреҳпӯш, 492 автомашина, 124 тӯп, 29 адад мушакандози чандгона, аз ҷумла ҳашт HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА-ро талаф дод.
Ҳамчунин ҳашт падофанд, панҷ мошини борбардорӣ, 31 истгоҳи ҷанги электронӣ, ҳафт радари боздоранда, ду радари дифоъи ҳавоӣ, 17 воҳиди муҳандисӣ, ки аз он 10 мошини муҳандисии тозакунии УР-77 ва як минатозакун аз дигар талафоти душман будааст.
“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.