Охирин шонс: Рақобати тақдирсози яккачини Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳон бо Панама

© Foto / Tajikistan Football Federation|Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2024
Обуна шудан
Ба гуфти сармураббӣ, ҳоло ба рақобати ҳалкунанда вориди сабқат мешаванд, ки сода нестанд ва таъкид кард, ки дар ин бозӣ танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Яккачини Тоҷикистон оид ба футзал имрӯз охирин бозияшро дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 доир мекунад.
Мунтахаби дар чаҳоргонаи "Е" бо тими миллии Панама бозӣ мекунад.
Ин дидори тақдирсоз қарор аст, ки шоми 22 сентябр соати 17:30 дар Маҷмааи варзишии универсалии "Бухоро" баргузор гардад.
Мухлисони тими миллӣ метавонанд онро аз шабакаҳои телевизионии "Варзиш" ва "Футбол" мустақиман тамошо кунанд.
Барои ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтан мунтахаби моро дар ин бозӣ танҳо пирӯзӣ лозим аст ва ҳамчунин бояд ба он умед баст, ки дар дигар гурӯҳҳо боз ду дастаи дигар бо нишондодҳои бадтар ҷойи сеюмро гиранд.
Соревнования по футзалу на Кубок Федерации футбола республики - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Барандаи Ҷоми футзали Тоҷикистон маълум шуд
Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов натоиҷи ду бозии дастаро бо тимҳои миллии Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2024 шарҳ дода, гуфт, ки имконоти зиёд доштанд аммо натавонистанд то охир истифода баранд.
Ӯ ҳамзамон бозии дастпарваронашро дар қиболи ҷунин наҳангҳои футзал бад намедонад.
Ба гуфти вай, ҳоло ба рақобати ҳалкунанда бо ҳарифон аз Панама вориди сабқат мешаванд, ки сода нестанд.
Вай таъкид кард, ки дар ин бозӣ танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳанд кард.
"Имкони аз гурӯҳ баромаданро дорем. Агар мо ба даври 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон роҳ ёбем, ин рӯйдоди наҷиб барои тамоми кишвар маҳсуб хоҳад ёфт",- афзуд Воҳидов..
Мавсуф аз ҳаводорони тими миллӣ даъват кард, ки ба дастгирияшон оянд.
Лентаи хабарҳо
0