https://sputnik.tj/20240921/rusiya-tojikiston-kor-nbo-sangtuda-barrasi-1064427079.html
Русия ва Тоҷикистон кори НБО "Сангтӯда"-ро баррасӣ карданд
Русия ва Тоҷикистон кори НБО "Сангтӯда"-ро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва таҳияи стандартҳои соҳаро баррасӣ карданд 21.09.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-09-21T13:58+0500
2024-09-21T13:58+0500
2024-09-23T12:45+0500
дар тоҷикистон
ҷск сангтуда-1
русия
далер ҷумъа
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/89/1027228910_0:89:1500:933_1920x0_80_0_0_35ef3ab80bde9d8e8409d820b2772094.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндагони Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби корхонаи муштарак (КҶ) - НБО-и Сангтӯда-1 баррасӣ карданд. Сергей Тсивилев, вазири энержии Русия бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа дидору гуфтугӯ кард, ки дар ҷараёни он тарафҳо кори неругоҳи барқи обии "Сангтӯда" ва омодагиҳо ба ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад Вазорати энергетикаи ФР.Бар асоси ин гузориш, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ ва таҳияи стандартҳои соҳаро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи Тсивилев, таъсиси онҳо омили асосии рушди комплекси сӯзишворию энергетикии ду кишвар хоҳад буд. Дар авоили моҳи август ҷонибҳо имкони содироти нерӯи барқ аз НБО "Сангтӯда-1" пас аз анҷоми ҳамгироии низоми энержии Тоҷикистон бо Системаи ягонаи энержии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Саҳми ширкатҳои русӣ дар сармояи оинномавии ҶСК НБО "Сангтӯда-1" 75% бо минуси як саҳмия, саҳми Тоҷикистон 25% ҷамъи як саҳмияро ташкил медиҳад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои бунёди неругоҳи барқи обии "Себзор" дар минтақаи Роштқалъаи Тоҷикистон маблағи грантӣ ҷудо шудааст. Байни ин идора ва ҶСК "Помир Энержи" шартномаи дахлдор баста шуд.
https://sputnik.tj/20240802/tojikistonu-rusiya-furushi-barq-az-nbo-sangtuda-1-barrasi-namudand-1063779184.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/89/1027228910_167:0:1500:1000_1920x0_80_0_0_5209ce376214cf3815cf64f62a68267a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон кор нбо "сангтӯда" баррасӣ
русия тоҷикистон кор нбо "сангтӯда" баррасӣ
Русия ва Тоҷикистон кори НБО "Сангтӯда"-ро баррасӣ карданд
13:58 21.09.2024 (Навсозишуда: 12:45 23.09.2024) Намояндагони Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва таҳияи стандартҳои соҳаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндагони Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби корхонаи муштарак (КҶ) - НБО-и Сангтӯда-1 баррасӣ карданд.
Сергей Тсивилев, вазири энержии Русия бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа дидору гуфтугӯ кард, ки дар ҷараёни он тарафҳо кори неругоҳи барқи обии "Сангтӯда" ва омодагиҳо ба ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад Вазорати энергетикаи ФР.
"Тарафҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика, аз ҷумла: ... кори неругоҳи барқи обии "Сангтӯда", фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла омодагиҳо ба ҷаласаи навбатӣ, ки рӯзи 4 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд”, - гуфта мешавад дар Telegram-канали вазорат.
Бар асоси ин гузориш, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ ва таҳияи стандартҳои соҳаро баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Тсивилев, таъсиси онҳо омили асосии рушди комплекси сӯзишворию энергетикии ду кишвар хоҳад буд.
Дар авоили моҳи август ҷонибҳо имкони содироти нерӯи барқ аз НБО "Сангтӯда-1" пас аз анҷоми ҳамгироии низоми энержии Тоҷикистон бо Системаи ягонаи энержии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Саҳми ширкатҳои русӣ дар сармояи оинномавии ҶСК НБО "Сангтӯда-1" 75% бо минуси як саҳмия, саҳми Тоҷикистон 25% ҷамъи як саҳмияро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои бунёди неругоҳи барқи обии "Себзор" дар минтақаи Роштқалъаи Тоҷикистон маблағи грантӣ ҷудо шудааст. Байни ин идора ва ҶСК "Помир Энержи" шартномаи дахлдор баста шуд.