https://sputnik.tj/20240917/yak-iborai-odi--putin-zaminlarza-gharb-vuqu-ovard-1064366299.html
Як ибораи одии Путин “заминларза”-ро дар Ғарб ба вуқӯъ овард
Як ибораи одии Путин “заминларза”-ро дар Ғарб ба вуқӯъ овард
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин ба ҳукумат пешниҳод кард, ки бар сари маҳдуд кардани интиқоли ашёи хоми стратегӣ ба бозорҳои хориҷиро "андеша" намоянд
2024-09-17T18:15+0500
2024-09-17T18:15+0500
2024-09-17T19:00+0500
владимир путин
дар русия
сиёсат
ғарб
маҳдудият
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064205956_0:97:3078:1828_1920x0_80_0_0_7cef5f3367a86c45647b5c508b02d8d9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кирилл Стрелников. Дар ҷаласаи навбатии кории комилан дохилӣ бо ҳукумати Русия, раисҷумҳур Владимир Путин пешниҳод кард, ки дар бораи имкони маҳдуд кардани интиқоли ашёи хоми стратегӣ, аз қабили уран, никел, титан ва як қатор дигар ашёҳо ба бозорҳои хориҷӣ "андеша" кунем, бо шарте, ки ин ба иқтисодиёти Русия зарар нарасонад.Ин дархост як падидаи комилан нофаҳмоеро ба вуҷуд овард: дар бозорҳои ғарбӣ дарҳол “таркише” ба вуҷуд омад, нархи ашёҳои дар боло зикршуда якбора боло рафт ва дар расонаҳои иқтисодӣ ва тахассусӣ маводҳои ваҳшатангез нашр шуданд.Аз чӣ сабаб асабӣ шудед, таҳримгарони муваффақи мо? Охир, ҳама хуб медонанд: кишваре, ки дар он ҳоҷатхона ҳашамат аст ва ҳавопаймоҳои қадима аз таҷҳизоти мошинҳои ҷомашӯии аз Украина содиршуда сохта мешаванд, ба ҳеҷ чиз таъсир расонда наметавонад ва ҷои он дар раддабандии ҷаҳонӣ дар паҳлуи Волтаи Боло ( ҳоло Буркина Фасо) воқеъ аст.Ҳамагӣ як рӯз пеш коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ намефаҳмиданд, ки чаро Русияи "маҳкумшуда" тавбакунон сари зону нанишастааст. Чунончӣ, нашрияи “Foreign Policy” гузориш додааст, ки "таҳримҳои Ғарб, новобаста аз он, ки чӣ қадар густарда ва аз ҷиҳати таърихӣ васеъмиқёс бошанд ҳам, қобилияти ҷангии Путинро халалдор накардаанд. " Ва он гоҳ ба ташвиш афтоданд, ки агар Русия на танҳо дар бораи таҳримҳои ҷавобии худ фикр кунад, балки кори амалӣ дар ин ҷода кунад, чӣ мешавад ва бисёр чизҳои ҷолиб пайдо шуданд.Масалан, агар дар содироти уран маҳдудият ҷорӣ карда шавад, саноати энергетикаи атомии ИМА агар дучори нестӣ нашавад ҳам, хеле наздик ба он мегардад. Амрикоиҳои мағрур дар ин бора ҳарф намезананд, аммо ҳиссаи сӯзишвории Русия барои нерӯгоҳҳои атомии Амрико тақрибан сеяк аст ва дар ояндаи наздик барои иваз кардани электронҳо ва нейтронҳои “таҷовузкори” Русия илоҷе нест. “Reuters” иқрор шуд, ки "уран яке аз ашёҳоест, ки воқеан метавонад ба Ғарб зарар расонад", дар ҳоле ки коршиносони “Citi” мегӯянд, ки "урани Русияро иваз кардан хеле душвор хоҳад буд", зеро Росатом нисфи тавлиди нерӯи ҳастаии ҷаҳонро дар даст дорад.Ва он гоҳ коршиносони Ғарб дар ҷустуҷӯи алтернативаҳо шуданд. Сад шукр, Қазоқистони шартан бетараф ҳаст, ки дар истеҳсоли уран дар ҷои аввал қарор дорад. Аммо тасодуфан, аслан дар остонаи дархости Путин барои "андеша кардан" раиси ширкати "Казатомпром" гуфт, ки "Қазоқистон дар таъмини бозори Ғарб бо уран ба мушкилоти рӯзафзун рӯ ба рӯ аст" ва бинобар таҳримҳои зидди Русия, ки масирҳои анъанавиро халалдор кардааст, акнун барои Остона фурўхтани уран ба Чину Русия осонтар аст. Ва комилан равшан аст, ки Росатом, ки ба наздикӣ бузургтарин кони урани Қазоқистонро харид ва аз рӯи захираҳои худ дар ҷаҳон ба ҷои дуюм расидааст (ва инчунин дар ҳамаи шаш ширкати истихроҷи уран дар ин кишвар саҳми “калон” дорад) ба ин изҳорот заррае иртибот надорад.Қариб чунин тасвири ноумедкунанда бо титан низ дида мешавад. Русия чаҳоряки бозори ҷаҳонии ин филизи стратегӣ ва сеяки онро бо навъи махсуси титан, ки барои ҳавопаймоҳо ва киштисозӣ муҳим аст, ишғол мекунад ва ширкати "ВСМПО-Ависма" бузургтарин тавлидкунандаи титан дар ҷаҳон бо занҷири мукаммали технологӣ мебошад. Ба иттилои Critical Minerals Institute (CMI), "Русия таъминкунандаи калидии титан дар ҷаҳон аст" ва дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, "бозорҳои ҷаҳонӣ халалдор мешаванд."Ҷолиб он аст, ки Boeing ва Airbus, пас аз оғози амалиёти вижаи нӣзомӣ, "комилан ва бидуни шарт" даст кашидан аз титани Русияро ба таври возеҳ эълон карданд. Аммо маълум шуд, ки ин як дурӯғи маҳз будааст: мақомоти ғарбӣ оромона ин ширкатҳоро ба истисноҳои “хурд” шомил кардаанд ва онҳо бо хушҳолӣ аз титану алюминии тоталитарии Русия ҳавопаймоҳо месозанд ва агар онҳо аз байн раванд, имкони иваз карданашон вуҷуд надорад (ё хеле душвор, гарон ва тӯлонӣ хоҳад буд).Дар мавриди никел вазъияти боз ҳам ҷолибтаре пеш меояд. Русия ҳам аз рӯи "ашёи хом" ва ҳам аз ҷиҳати никели ғанишуда дар ҷаҳон ҷои сеюмро баъд аз Индонезия ва Филиппин ишғол мекунад. Пас аз ишораи Путин, нархи биржавии никел дар як соат қариб се дарсад боло рафт: сарфи назар аз ҳама мамнӯъиятҳо, дар биржаи асосии “филизоти нодир”-и Лондон LME, тақрибан 40% тамоми никел аз Русия аст.Ва вазъият бо никел (агар идома ёбад) метавонад ба Ғарб ҳатто аз урану титан бештар таъсир расонад. Гап дар сари он аст, ки комилан ҳама сару садоҳо оид ба “инқилоби сабз” дар Ғарб ба металлҳои нодир бастагӣ доранд, ки барои нерӯгоҳҳои бодӣ, панелҳои офтобӣ ва мошинҳои барқӣ заруранд ва ғояи Ғарб ин аст, ки дар ин ҷода аз Чин пеш гузарад.Баръакси Чин, ки асосан литийро барои батареяҳои мошинҳои барқӣ истифода мекунад, Иёлоти Муттаҳида ба никел такя кардааст ва дар марҳилаи то соли 2035, ниёз ба он метавонад шаш маротиба афзоиш ёбад. Аз ин рӯ, барои Иёлоти Муттаҳида ба даст овардани ҳадди аксари никел ва беҳтараш тамоми он комилан муҳим аст.Пас аз суханони Путин, амрикоиҳо ба Индонезия (42% бозори ҷаҳонии никели ғанишуда) шитофтанд, аммо дар ин ҷо низ нокомӣ интизораш буд: Индонезия эълон кард, ки нақша дорад ба БРИКС ҳамроҳ шавад ва баъдан Русия ба яке аз таъминкунандагони асосии Индонезия бо ғалла табдил ёфт (дар давоми сол содироти он даҳ баробар зиёд шуд). Ба ягон чиз ишора намекунем, аммо эҳтимоли калон вуҷуд дорад, ки Русия ва Индонезия масъалаи никелро бо "муҳаббат"" ҳал мекунанд, аммо амрикоиҳо дар ин секунҷаи ишқ нахоҳанд буд.Русия кайҳо ҳушдор дода буд, ки Ғарб ба мо ниёзи бештар дорад. Дарки ин аллакай рӯй дод ва ин танҳо ибтидои кор аст.
https://sputnik.tj/20240915/tehron-guft-gharb-nametavonad-bo-tahrimho-irodai-khudro-alayhi-eron-tahmil-kunad-1064339683.html
https://sputnik.tj/20240913/peskov-gharb-jang-to-okhirin-ukraini-idoma-dihad-1064308737.html
https://sputnik.tj/20240828/putin-muvofiq-izhori-gharb-borai-naqshai-sulh-ukraina-1064108392.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064205956_0:0:2729:2046_1920x0_80_0_0_b9ed5324c67c9ac0108db22b097d81f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, путин, заминларза, ғарб, сиёсат, маҳдудият, ашё, стратегӣ
тоҷикистон, путин, заминларза, ғарб, сиёсат, маҳдудият, ашё, стратегӣ
Як ибораи одии Путин “заминларза”-ро дар Ғарб ба вуқӯъ овард
18:15 17.09.2024 (Навсозишуда: 19:00 17.09.2024) Владимир Путин ба ҳукумат пешниҳод кард, ки бар сари маҳдуд кардани интиқоли ашёи хоми стратегӣ ба бозорҳои хориҷиро "андеша" намоянд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кирилл Стрелников. Дар ҷаласаи навбатии кории комилан дохилӣ бо ҳукумати Русия, раисҷумҳур Владимир Путин пешниҳод кард, ки дар бораи имкони маҳдуд кардани интиқоли ашёи хоми стратегӣ, аз қабили уран, никел, титан ва як қатор дигар ашёҳо ба бозорҳои хориҷӣ "андеша" кунем, бо шарте, ки ин ба иқтисодиёти Русия зарар нарасонад.
Ин дархост як падидаи комилан нофаҳмоеро ба вуҷуд овард: дар бозорҳои ғарбӣ дарҳол “таркише” ба вуҷуд омад, нархи ашёҳои дар боло зикршуда якбора боло рафт ва дар расонаҳои иқтисодӣ ва тахассусӣ маводҳои ваҳшатангез нашр шуданд.
Аз чӣ сабаб асабӣ шудед, таҳримгарони муваффақи мо? Охир, ҳама хуб медонанд: кишваре, ки дар он ҳоҷатхона ҳашамат аст ва ҳавопаймоҳои қадима аз таҷҳизоти мошинҳои ҷомашӯии аз Украина содиршуда сохта мешаванд, ба ҳеҷ чиз таъсир расонда наметавонад ва ҷои он дар раддабандии ҷаҳонӣ дар паҳлуи Волтаи Боло ( ҳоло Буркина Фасо) воқеъ аст.
Ҳамагӣ як рӯз пеш коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ намефаҳмиданд, ки чаро Русияи "маҳкумшуда" тавбакунон сари зону нанишастааст. Чунончӣ, нашрияи “Foreign Policy” гузориш додааст, ки "таҳримҳои Ғарб, новобаста аз он, ки чӣ қадар густарда ва аз ҷиҳати таърихӣ васеъмиқёс бошанд ҳам, қобилияти ҷангии Путинро халалдор накардаанд. " Ва он гоҳ ба ташвиш афтоданд, ки агар Русия на танҳо дар бораи таҳримҳои ҷавобии худ фикр кунад, балки кори амалӣ дар ин ҷода кунад, чӣ мешавад ва бисёр чизҳои ҷолиб пайдо шуданд.
Масалан, агар дар содироти уран маҳдудият ҷорӣ карда шавад, саноати энергетикаи атомии ИМА агар дучори нестӣ нашавад ҳам, хеле наздик ба он мегардад. Амрикоиҳои мағрур дар ин бора ҳарф намезананд, аммо ҳиссаи сӯзишвории Русия барои нерӯгоҳҳои атомии Амрико тақрибан сеяк аст ва дар ояндаи наздик барои иваз кардани электронҳо ва нейтронҳои “таҷовузкори” Русия илоҷе нест.
“Reuters” иқрор шуд, ки "уран яке аз ашёҳоест, ки воқеан метавонад ба Ғарб зарар расонад", дар ҳоле ки коршиносони “Citi” мегӯянд, ки "урани Русияро иваз кардан хеле душвор хоҳад буд", зеро Росатом нисфи тавлиди нерӯи ҳастаии ҷаҳонро дар даст дорад.
Ва он гоҳ коршиносони Ғарб дар ҷустуҷӯи алтернативаҳо шуданд. Сад шукр, Қазоқистони шартан бетараф ҳаст, ки дар истеҳсоли уран дар ҷои аввал қарор дорад. Аммо тасодуфан, аслан дар остонаи дархости Путин барои "андеша кардан" раиси ширкати "Казатомпром" гуфт, ки "Қазоқистон дар таъмини бозори Ғарб бо уран ба мушкилоти рӯзафзун рӯ ба рӯ аст" ва бинобар таҳримҳои зидди Русия, ки масирҳои анъанавиро халалдор кардааст, акнун барои Остона фурўхтани уран ба Чину Русия осонтар аст. Ва комилан равшан аст, ки Росатом, ки ба наздикӣ бузургтарин кони урани Қазоқистонро харид ва аз рӯи захираҳои худ дар ҷаҳон ба ҷои дуюм расидааст (ва инчунин дар ҳамаи шаш ширкати истихроҷи уран дар ин кишвар саҳми “калон” дорад) ба ин изҳорот заррае иртибот надорад.
Қариб чунин тасвири ноумедкунанда бо титан низ дида мешавад. Русия чаҳоряки бозори ҷаҳонии ин филизи стратегӣ ва сеяки онро бо навъи махсуси титан, ки барои ҳавопаймоҳо ва киштисозӣ муҳим аст, ишғол мекунад ва ширкати "ВСМПО-Ависма" бузургтарин тавлидкунандаи титан дар ҷаҳон бо занҷири мукаммали технологӣ мебошад.
Ба иттилои Critical Minerals Institute (CMI), "Русия таъминкунандаи калидии титан дар ҷаҳон аст" ва дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, "бозорҳои ҷаҳонӣ халалдор мешаванд."
Ҷолиб он аст, ки Boeing ва Airbus, пас аз оғози амалиёти вижаи нӣзомӣ, "комилан ва бидуни шарт" даст кашидан аз титани Русияро ба таври возеҳ эълон карданд. Аммо маълум шуд, ки ин як дурӯғи маҳз будааст: мақомоти ғарбӣ оромона ин ширкатҳоро ба истисноҳои “хурд” шомил кардаанд ва онҳо бо хушҳолӣ аз титану алюминии тоталитарии Русия ҳавопаймоҳо месозанд ва агар онҳо аз байн раванд, имкони иваз карданашон вуҷуд надорад (ё хеле душвор, гарон ва тӯлонӣ хоҳад буд).
Дар мавриди никел вазъияти боз ҳам ҷолибтаре пеш меояд. Русия ҳам аз рӯи "ашёи хом" ва ҳам аз ҷиҳати никели ғанишуда дар ҷаҳон ҷои сеюмро баъд аз Индонезия ва Филиппин ишғол мекунад. Пас аз ишораи Путин, нархи биржавии никел дар як соат қариб се дарсад боло рафт: сарфи назар аз ҳама мамнӯъиятҳо, дар биржаи асосии “филизоти нодир”-и Лондон LME, тақрибан 40% тамоми никел аз Русия аст.
Ва вазъият бо никел (агар идома ёбад) метавонад ба Ғарб ҳатто аз урану титан бештар таъсир расонад. Гап дар сари он аст, ки комилан ҳама сару садоҳо оид ба “инқилоби сабз” дар Ғарб ба металлҳои нодир бастагӣ доранд, ки барои нерӯгоҳҳои бодӣ, панелҳои офтобӣ ва мошинҳои барқӣ заруранд ва ғояи Ғарб ин аст, ки дар ин ҷода аз Чин пеш гузарад.
Баръакси Чин, ки асосан литийро барои батареяҳои мошинҳои барқӣ истифода мекунад, Иёлоти Муттаҳида ба никел такя кардааст ва дар марҳилаи то соли 2035, ниёз ба он метавонад шаш маротиба афзоиш ёбад. Аз ин рӯ, барои Иёлоти Муттаҳида ба даст овардани ҳадди аксари никел ва беҳтараш тамоми он комилан муҳим аст.
Пас аз суханони Путин, амрикоиҳо ба Индонезия (42% бозори ҷаҳонии никели ғанишуда) шитофтанд, аммо дар ин ҷо низ нокомӣ интизораш буд: Индонезия эълон кард, ки нақша дорад ба БРИКС ҳамроҳ шавад ва баъдан Русия ба яке аз таъминкунандагони асосии Индонезия бо ғалла табдил ёфт (дар давоми сол содироти он даҳ баробар зиёд шуд). Ба ягон чиз ишора намекунем, аммо эҳтимоли калон вуҷуд дорад, ки Русия ва Индонезия масъалаи никелро бо "муҳаббат"" ҳал мекунанд, аммо амрикоиҳо дар ин секунҷаи ишқ нахоҳанд буд.
Русия кайҳо ҳушдор дода буд, ки Ғарб ба мо ниёзи бештар дорад. Дарки ин аллакай рӯй дод ва ин танҳо ибтидои кор аст.