Раҳмон таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳонро муҳим донист

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВторой саммит глав государств Центральной Азии и Германии
Второй саммит глав государств Центральной Азии и Германии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Нишасти Остона таъкид кард, ки мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сарони Осиёи Марказӣ дар Остона изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст ҳамкории зичро бо шарикони худ барои ноил шудан ба ҳадафи роҳандозии шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ идома диҳем.
Вай таъкид кард, ки пешбурди пайвастаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ гардад.
Президенти кишвар зимни суханрониаш дар бораи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии ҷумҳурӣ дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ кард.
Раҳбари кишвар, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон муҳим арзёбӣ намуд.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Республику Казахстан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2024
Раҳмон вориди Остона шуд
Ҳамкории босамар ба хотири таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ басо муҳим номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Сарони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод низ ҷалб намуданд.
Дар анҷоми суханронӣ раҳбари Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад.
Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳо қабул гардид.
Лентаи хабарҳо
0