Мақомот: То имрӯз ба Тоҷикистон аз 127 кишвари ҷаҳон сайёҳ ворид шудааст

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2024
Обуна шудан
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба Тоҷикистон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд.
Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1% зиёд мебошад.
Ҳамчунин ба иттилои ин ниҳод ба Тоҷикистон аз замони ба даст овардани итиқлолият то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд.
Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.
Вывеска город Гулистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Дидори беш аз 27 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои зебои Гулистон
Қайд карда шудааст, ки дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 адад, ба шаҳри Душанбе 101 адад, вилояти Суғд- 46, вилояти Хатлон- 17 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд.
Дар мамлакат 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 д осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0