Дар Тоҷикистон хотири Аҳмадшоҳи Масъудро пос доштанд

Обуна шудан
Дар 23-юмин солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Тоҷикистон чорабиние барои поси хотири ӯ баргузор гардид
Дар солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳудуди сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон маросими ёдбуди ӯ анҷом шуд.
Дар чорабинӣ генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндагони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, донишҷӯён ва муҳоҷирони афғон иштирок карданд.
Ҳозирин бо гузоштани гулчанбарҳо ва аксҳои қаҳрамони Афғонистон аз корнамоиҳои ӯ ё карда, хотираашро пос доштанд.
Аҳмадшоҳи Масъуд бар асоси ҳолномааш дар Донишномаи озод 1 сентябри соли 1953 таваллуд шудааст ва агар умр вафо мекард, соли равон 71-сола мешуд.
Вай 9 сентябри соли 2001 дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ маҷруҳ гардида, рӯзи дигар ба шаҳодат мерасад.
“Бо пули Масъуд”: Толибон* Хонаи Зоҳир Ағбарро ба оташ кашиданд
Ҳамасола барои ёд аз номи неки ӯ, чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Бо гузашти 22 сол аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз ҳам номи неки ӯ дар чорабинию маросимҳои мухталиф ба ёд оварда мешавад.
Моҳи сентябри соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон, ӯро бо ордени "Исмоили Сомонӣ дараҷаи I" қадрдонӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0