Вокуниши сафорати Русия дар Душанбе вобаста ба ҳамла ба муфтии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЧетки в руках верующего
Четки в руках верующего  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Обуна шудан
Намояндагии дипломатии Русия ба муфтии Тоҷикистон "шифои комил ва ҳарчи зудтар баргаштан ба иҷрои вазифаи худ" таманно кардааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Сафорати Русия дар Душанбе аз хабари ҳамла ба муфтии Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзодаро изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии дипломатии Русия хабар додааст.
"Мо аз хабари ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳори нигарон ҳастем", - омадааст дар изҳороте, ки сомонаи сафорат нашр шудааст.
Намояндагии дипломатии Русия ба Абдулқодирзода “шифои комил, ва ҳарчи зудтар баргаштан ба иҷрои вазифаҳои худ” таманно кардааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 11 сентябр Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.
Заместитель председателя Совета муфтиев России Рушан Аббясов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Мусалмонони Русия ҳамла ба муфтии Тоҷикистонро маҳкум карданд
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.
Ӯ қасд дорад намози ҷумъаро дар масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе, масҷиди аслии Тоҷикистон баргузор кунад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамлагар дастгир карда шуд.
Вазорати умури дохилfи Тоҷикистон қайд кардааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ҳуввияти боздоштшуда низ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ифшо нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0