Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тоҷикистон: Шарҳи мақомот

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе баъд аз намози аср ба муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
“Намоз намехонанд” – шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ҳамлаи Крокус
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои расонаҳои маҳалӣ аҳволи Абдулқодирзода раиси Шӯрои уламо хуб аст ва дар ҷоийи зисти худ қарор дорад.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода 61 сол дошта, аз соли 2010 раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0