Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ду медал гирифт

© Foto / World Nomad Games 2024Церемония открытия пятых всемирных Игр Кочевников в Астане
Церемония открытия пятых всемирных Игр Кочевников в Астане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Обуна шудан
Дар Бозиҳои V ҷаҳонии кӯчманчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 56 варзишгар ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои V ҷаҳонии кӯчманчиён шуданд.
Дар рақобатҳо Дадахон Қурбоналиев дар вазни беш аз 100 кг ва Ҳақназар Назаров да вазни то 90 кг медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Онҳо дар куреси қазоқӣ, як куштии миллии қазоқӣ шабеҳ ба куштӣ медали биринҷӣ гирифтанд.
Ҳарду варзишгари тоҷик дар гуштии миллии қазоқ рақобат карданд.
Дар Остона Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ҷараён доранд. Дар онҳо беш аз 3 ҳазор варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 56 нафар аз Тоҷикистон ширкат доранд.
Таджикские спортсмены завоевали 11 медалей на чемпионате Азии по боксу среди подростков и школьников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
11 медали наврасон ва мактаббачагони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс
Варзишгарон дар 7 намуд: куштии миллии қазоқӣ (куреси қазоқӣ), куштии миллии туркӣ (Аширмалӣ Аба Гурешӣ), кураш, арқон кашидан (аркан тартис), ордо (бозии мардумии қирғизӣ), мас-грестинг (арқандозӣ - бозии халқии халқҳои шимолии Русия) ва кучманчи (омезиши 5 намуди қудрат) рақобат мекунанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи Тоҷикистон дар ҷои 22-юм қарор дорад.
Мизбони мусобиқот дастаи Қазоқистон аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар пеш аст.
Лентаи хабарҳо
0