https://sputnik.tj/20240911/safir-sori-ravon-tijorat-miyoni-tojikiston-rusiya-afzoish-1064286858.html
Сафир: Соли равон тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия 17% афзоиш ёфт
Сафир: Соли равон тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия 17% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар маросими ҷашни истиқлоли давлатӣ таъкид кард, ки дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни ду кишвар 17% афзоиш ёфтааст
2024-09-11T10:41+0500
2024-09-11T10:41+0500
2024-09-11T10:41+0500
дар тоҷикистон
русия
табодули мол
зиёд шуд
сафир
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064283440_0:355:1063:953_1920x0_80_0_0_9e22f6fa48e0adab0bd2ad1e3ce3e3fb.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сент — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст.Вай қайд кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли равон 17% афзоиш ёфтааст."Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст, ба ин таърихи муштарак, фарҳанг ва манфиатҳои кишварҳои мо кумак мекунанд. Новобаста аз мушкилоҳои мавҷудаи имрӯза мо боварӣ дорем, ки ин арзишҳо минбаъд низ асоси равобити мо хоҳанд буд", - гуфт сафир таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав.Сафир қайд кард, ки кишварҳо пайваста роҳи гузариш ба сатҳи сифатан нави ҳамкориро идома медиҳанд."Шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ заминаи устувори рушди босамари амалҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мост. Ҷузъи муҳими муносибатҳои мо, ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Ҳамин тавр дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни кишварҳои мо ба 17% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) афзоиш ёфт", - гуфт сафир.Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли 2024 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил додааст. Он нисбат ба ҳафт моҳи соли 2023 12,1% афзоиш ёфтааст.Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд гардид, зеро дар танҳо 7 моҳи бештар аз 8 моҳи (январ-август) соли қаблӣ харидуфӯруш карданд.
https://sputnik.tj/20240708/tojikiston-mintaqaho-rusiya-dodugirift-ziyodtar-1063450973.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064283440_163:329:1036:984_1920x0_80_0_0_a0dc2191379ba0fbaa4f4dc17c07b872.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, табодули мол, тиҷорат, сафир
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, табодули мол, тиҷорат, сафир
Сафир: Соли равон тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия 17% афзоиш ёфт
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар маросими ҷашни истиқлоли давлатӣ таъкид кард, ки дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни ду кишвар 17% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 сент — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст.
Вай қайд кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли равон 17% афзоиш ёфтааст.
"Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст, ба ин таърихи муштарак, фарҳанг ва манфиатҳои кишварҳои мо кумак мекунанд. Новобаста аз мушкилоҳои мавҷудаи имрӯза мо боварӣ дорем, ки ин арзишҳо минбаъд низ асоси равобити мо хоҳанд буд", - гуфт сафир таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав.
Сафир қайд кард, ки кишварҳо пайваста роҳи гузариш ба сатҳи сифатан нави ҳамкориро идома медиҳанд.
"Шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ заминаи устувори рушди босамари амалҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мост. Ҷузъи муҳими муносибатҳои мо, ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Ҳамин тавр дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни кишварҳои мо ба 17% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) афзоиш ёфт", - гуфт сафир.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли 2024 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил додааст. Он нисбат ба ҳафт моҳи соли 2023 12,1% афзоиш ёфтааст.
Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд гардид, зеро дар танҳо 7 моҳи бештар аз 8 моҳи (январ-август) соли қаблӣ харидуфӯруш карданд.