Дар ИИАО ташкили бозори ягонаи газу нафтро баррасӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Михаил Метцель / POOL / Гузариш ба медиабонк Флаги стран-участниц ЕАЭС
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Обуна шудан
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё масъалаи ташкили бозори ягонаи газу нафт дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Муовини сарвазири Беларус Игор Петришенко ахиран гуфт, ки кишварҳои узви ИИАО дар соҳаи энергетика фаъолона ҳамкорӣ доранд, хабар додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба зудӣ масъалаи ташаккули бозорҳои муштараки газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ хоҳад кард, ки бояд бар асоси Паймони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сурат гирад.
Ин масъала зимни мулоқоти муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко бо узви ҳайати мушовараи (вазири) энергетика ва инфрасохтори КИАО Арзибек Кожошев баррасӣ шуд.
"Мо метавонем такмил диҳем, вале мо набояд аз равишҳои бунёдӣ (созишнома дар бораи таъсиси ИИАО) дур шавем. Дар ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мо бояд ҳама масъалаҳоро ба таври муфассал баррасӣ кунем ва ба раҳбарони ҳукуматҳои худ гузориш диҳем", - гуфт муовини сарвазир.
Президент Кыргызского союза промышленников и предпринимателей Данил Ибраев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Ибраев: Бозори ягонаи энергетикӣ дар ИИАО пурра ташаккул наёфтааст
Петришенко ҳамчунин гуфт, ки аъзои ИИАО дар соҳаи энергетика фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
"Мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем, аз ҷумла, барои ташаккули бозори умумии нерӯи барқ ​​як қатор ҳуҷҷатҳоро қабул кардем. Мо дар бораи нуктаҳои боқимонда ба мувофиқа хоҳем расид ва онҳоро якҷоя амалӣ менамоем", - қайд кард ӯ.
Ҷумҳурии Беларус аз соли 2025 раёсати ИИАО бар душ хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0