https://sputnik.tj/20240911/artishi-rusiya-deharo-kursk-neruhoi-ukraini-ozod-1064301729.html
Артиши Русия беш аз 10 деҳаро дар Курск аз дасти нерӯҳои украинӣ озод карданд
Артиши Русия беш аз 10 деҳаро дар Курск аз дасти нерӯҳои украинӣ озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Генерали артиши Русия Апти Алаудиннов ахиран хабар дод, ки артиши Русия дар вилояти Курск чандин деҳаҳоро аз нерӯҳои украинӣ озод кард
2024-09-11T20:01+0500
2024-09-11T20:01+0500
2024-09-11T20:01+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
артиш
генерали артиш
артиши русия
амалиёти вижа
украина
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064071159_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_15c252195f28152dcdef63c595d02fdf.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар самти Коренево дар вилояти Курск туфангдорони дарёии Русия чанд маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд, гуфт фармондеҳи нерӯҳои вижаи Ахмат, муовини сардори Сарраёсати ҳарбӣ-сиёсии Вазорати дифоъ генерал Апти Алаудинов дар канали Telegram-и худ.Вай гуфт, душман баъд аз ҳамлаи артиши Русия ба минтақаҳои ишғолшуда аз сӯи неруҳои украинӣ талафоти хеле калон дидааст.Ин фармондеҳ қайд кард, ки бригадаи 155-уми туфангдорони дарёӣ, ки қаламравҳои Русияро озод кардааст, дар паҳлӯи рости қисмҳои ӯ, дар самти Коренево ҷойгир шудааст.У таъкид кард, ки ҷанговарони ин бригада хеле далерона ва ҷасурона меҷанганд, "онҳо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунанд ва хамеша пеш мераванд.Баъдан Алаудинов дар сӯҳбат бо РИА “Новости” тавзеҳ дод, ки дар вилояти Курск тақрибан даҳ маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуданд."Дар он ҷо асрон ҳастанд. Мо ин деҳаҳоро комилан поксозӣ ва душманеро, ки дар он ҷо буд, несту нобуд кардем. Бархе аз онҳо таслим шуданд", - афзуд ӯ.Нерӯҳое, ки Алаудинов роҳбарӣ мекунад, дар самти Суҷа меҷанганд. Дар он ҷо дар зарфи 24 соати ахир сарбозони рус якчанд воҳиди техникаи душманро несту нобуд карданд ва душман бо вуҷуди талошҳои сершумори ҳамлааш натавонист пеш равад.Субҳи имрӯз намояндаи ниҳоди интизомии Русия ба хабаргузории РИА “Новости” хабар дод, ки амалиёти ҷавобӣ дар вилояти Курск оғоз шудааст.
https://sputnik.tj/20240812/alikhonov-amaliyot-vizha-chashm-jahon-aslihai-rusiya-jazb-1063906937.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064071159_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_bc20d459b1914c3e5c7c1d0fc9216cbd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, курск, артиши русия, озодсозӣ, деҳаҳо
русия, амалиёти вижа, украина, курск, артиши русия, озодсозӣ, деҳаҳо
Артиши Русия беш аз 10 деҳаро дар Курск аз дасти нерӯҳои украинӣ озод карданд
Генерали артиши Русия Апти Алаудиннов ахиран хабар дод, ки артиши Русия дар вилояти Курск чандин деҳаҳоро аз нерӯҳои украинӣ озод кард
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар самти Коренево дар вилояти Курск туфангдорони дарёии Русия чанд маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд, гуфт фармондеҳи нерӯҳои вижаи Ахмат, муовини сардори Сарраёсати ҳарбӣ-сиёсии Вазорати дифоъ генерал Апти Алаудинов дар канали Telegram-и худ.
Вай гуфт, душман баъд аз ҳамлаи артиши Русия ба минтақаҳои ишғолшуда аз сӯи неруҳои украинӣ талафоти хеле калон дидааст.
Ин фармондеҳ қайд кард, ки бригадаи 155-уми туфангдорони дарёӣ, ки қаламравҳои Русияро озод кардааст, дар паҳлӯи рости қисмҳои ӯ, дар самти Коренево ҷойгир шудааст.
У таъкид кард, ки ҷанговарони ин бригада хеле далерона ва ҷасурона меҷанганд, "онҳо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунанд ва хамеша пеш мераванд.
Баъдан Алаудинов дар сӯҳбат бо РИА “Новости” тавзеҳ дод, ки дар вилояти Курск тақрибан даҳ маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуданд.
"Дар он ҷо асрон ҳастанд. Мо ин деҳаҳоро комилан поксозӣ ва душманеро, ки дар он ҷо буд, несту нобуд кардем. Бархе аз онҳо таслим шуданд", - афзуд ӯ.
Нерӯҳое, ки Алаудинов роҳбарӣ мекунад, дар самти Суҷа меҷанганд. Дар он ҷо дар зарфи 24 соати ахир сарбозони рус якчанд воҳиди техникаи душманро несту нобуд карданд ва душман бо вуҷуди талошҳои сершумори ҳамлааш натавонист пеш равад.
Субҳи имрӯз намояндаи ниҳоди интизомии Русия ба хабаргузории РИА “Новости” хабар дод, ки амалиёти ҷавобӣ дар вилояти Курск оғоз шудааст.