https://sputnik.tj/20240908/eron-poytakht-sohil-khalij-fors-intiqol-1064242017.html
Эрон мехоҳад пойтахташро ба соҳилҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад
Эрон мехоҳад пойтахташро ба соҳилҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи президенти тозаинтихоб, ба далели як қатор баррасиҳо, пеш аз ҳама иқтисодӣ, идомаи боқӣ мондани Теҳрон ҳамчун пойтахт ғайриимкон мешавад
2024-09-08T11:35+0500
2024-09-08T11:35+0500
2024-09-09T12:29+0500
эрон
теҳрон
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063356955_0:363:2996:2048_1920x0_80_0_0_e872fae45d435b7a308fe1698190e68c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Масъуди Пезешкиён, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе гуфт, раҳбарияти Эрон илоҷи дигаре надорад, ки марказҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварро ба марзҳои ҷанубии ҷумҳурӣ, ба соҳилҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад. Дар ин бора хабаргузории эронии Fars аз дар такя ба суханонипрезидент хабар додааст.Вай қайд кард, ки ба далели як қатор баррасиҳо, пеш аз ҳама иқтисодӣ, идомаи боқӣ мондани Теҳрон ҳамчун пойтахт ғайриимкон мешавад. "Бо идомаи тамоюли кунунӣ рушди кишвар ғайриимкон аст. Агар мо бихоҳем, ки овардани захираҳоро аз ҷануб ва баҳр ба Теҳрон идома диҳем, сипас онҳоро ба маҳсулот табдил дода ва барои содирот ба ҷануб ирсол кунем, ин рақобатпазирии моро боз ҳам коҳиш хоҳад дод”, - афзуд ӯ”. Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки пас аз интихоби маркази нави пойтахт, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд ва пас аз он ба сокинони Теҳрон имкони кӯчидан ба пойтахти нави ҷумҳурӣ дода мешавад.Аз ин пеш дар Индонезия пойтахти нав — шаҳри Нусантара кушода шуд. Сабаби интиқол ин буд, ки пойтахти собиқи кишва Ҷакарта оҳиста-оҳиста ба баҳр ғарқ мешавад. Миср низ қасд дорад пойтахти худро аз Қоҳира кӯч диҳад. Ин яке аз калонтарин лоиҳаҳоест, ки дар кишвар амалӣ мешавад. Он барои рафъи бандшавии бештар дар Қоҳираи Бузург тарҳрезӣ шудааст, ки дар он аллакай беш аз 20 млн нафар зиндагӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240113/tojikistoniyon-moh-ravodid-eron-zindagi-1061270003.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063356955_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_1b577ddb13563c524e078a2c28af4ec8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон пойтахт соҳил халиҷи форс интиқол
эрон пойтахт соҳил халиҷи форс интиқол
Эрон мехоҳад пойтахташро ба соҳилҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад
11:35 08.09.2024 (Навсозишуда: 12:29 09.09.2024) Ба гуфтаи президенти тозаинтихоб, ба далели як қатор баррасиҳо, пеш аз ҳама иқтисодӣ, идомаи боқӣ мондани Теҳрон ҳамчун пойтахт ғайриимкон мешавад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Масъуди Пезешкиён, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе гуфт, раҳбарияти Эрон илоҷи дигаре надорад, ки марказҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварро ба марзҳои ҷанубии ҷумҳурӣ, ба соҳилҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад.
Дар ин бора хабаргузории эронии Fars аз дар такя ба суханонипрезидент хабар додааст.
"Ҳамчун пойтахти кишвар, Теҳрон бо мушкилоте рӯбарӯ аст, ки мо ба ҷуз аз кӯчонидани маркази пойтахт чорае надорем",- гуфтааст ӯ.
Вай қайд кард, ки ба далели як қатор баррасиҳо, пеш аз ҳама иқтисодӣ, идомаи боқӣ мондани Теҳрон ҳамчун пойтахт ғайриимкон мешавад.
"Бо идомаи тамоюли кунунӣ рушди кишвар ғайриимкон аст. Агар мо бихоҳем, ки овардани захираҳоро аз ҷануб ва баҳр ба Теҳрон идома диҳем, сипас онҳоро ба маҳсулот табдил дода ва барои содирот ба ҷануб ирсол кунем, ин рақобатпазирии моро боз ҳам коҳиш хоҳад дод”, - афзуд ӯ”.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки пас аз интихоби маркази нави пойтахт, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд ва пас аз он ба сокинони Теҳрон имкони кӯчидан ба пойтахти нави ҷумҳурӣ дода мешавад.
Аз ин пеш дар Индонезия пойтахти нав — шаҳри Нусантара кушода шуд. Сабаби интиқол ин буд, ки пойтахти собиқи кишва Ҷакарта оҳиста-оҳиста ба баҳр ғарқ мешавад.
Миср низ қасд дорад пойтахти худро аз Қоҳира кӯч диҳад. Ин яке аз калонтарин лоиҳаҳоест, ки дар кишвар амалӣ мешавад. Он барои рафъи бандшавии бештар дар Қоҳираи Бузург тарҳрезӣ шудааст, ки дар он аллакай беш аз 20 млн нафар зиндагӣ мекунанд.